Баррасии андозбандӣ дар соҳаи кӯҳкорӣ

Сентябрь 24, 2014 17:06

Душанбе, 24.09.2014. (АМИТ «Ховар»). — 23 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ширкати байналмилалии машваратии FICHТNER (Олмон) дар доираи Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ дар мавзӯи «Андозбандӣ дар соҳаи кӯҳкорӣ» семинар доир гардид. 
Лозим ба зикр аст, ки созишнома оид ба маблағгузории Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ 8 июни соли 2012 ба имзо расида, он бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2014 тасдиқ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа 10 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва пурра маблағҳои грантӣ мебошад.
Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Лочин Файзуллозода дар семинар афзуд, ки мақсади асосии ин лоиҳа мусоидат ба рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ тавассути бартараф намудани монеаҳои мавҷуда дар соҳаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ҷолиб, алалхусус саноати куҳӣ ба ҳисоб меравад.
Дар семинар мавзуъҳои таъсири андозбандӣ дар рушди саноати коркарди куҳӣ; баҳодиҳӣ ва тавсияҳо оид ба таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи қаъри замин;  омӯзиши таҷрибаи механизмҳои андозбандии соҳаи саноати коркарди кӯҳкорӣ (қаъри замин) дар кишварҳои Австралия, Чили, Индонезия, Манголия, Мозамбик ва Косово ва афзалияти онҳо барои Тоҷикистон низ баррасӣ шуданд. 
 
 

Сентябрь 24, 2014 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!