Баррасии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Душанбе

Сентябрь 23, 2014 09:11

Душанбе, 23.09.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-“Унсурҳои асосии Стратегияи миллии таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ”- чунин аст мавзӯи мизи гирди муштараки Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, ки имрӯз, 23-юми сентябр  дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Тавре ки аз МТБ хабар доданд, гурӯҳи кории таҳияи «Стратегияи миллии таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», ки аз намояндагони аршади вазорату идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон иборат аст, дар мизи гирд сохтор, унсуру бахшҳои асосӣ ва диду нигоҳҳои пешниҳодии стратегияро баррасӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, таҳияи стратегияи мазкур аз бандҳои муҳими Барномаи  Ҳукумати ҶТ дар мавриди мутобиқ сохтани низоми савдо дар давраи баъд аз вуруд ба СТҶ мебошад. Доктор Намрата Вакҳалу, мушовири байналмилалии МТБ доир ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мегӯяд: “Стратегияи мазкур ба Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъсиси як низоми муассири бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ки қобили қабули истеъмолкунандаҳо бошад, ба ҳайси харитаи роҳ хидмат хоҳад кард. Сохтори пешниҳодии Стратегия, бар иловаи тасвири чолишҳои бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳамчунин низоми феълии назорати хӯрокворӣ дар кишварро таҳлил мекунад, то халои мавҷударо нишон бидиҳад, ки дар низоми нави муассири бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба инобат гирифта шавад. Ин сохтор, ҳамчунин чораву иқдомҳои асосӣ ва муддати иҷрои онҳоро ҳам барои расидан ба сиёсати маҳсулоти бехатари хӯрокворӣ фаро мегирад”. 
Дар назар аст дар  мизи гирд намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ҳамчунин механизми сохторӣ ва ҳамоҳангии иҷрои стратегияро баррасӣ намоянд ва иқдомоти заруриро ҳамроҳ бо масъалаҳои молии иҷрои стратегия мувофиқат кунанд.
Ёдрас мешавем, ки гурӯҳи кории таҳияи «Стратегияи миллии таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» дар моҳи апрели соли ҷорӣ муштаракан аз ҷониби МТБ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон таъсис ёфтааст. МТБ ба гурӯҳи корӣ ёрии фаннӣ, аз ҷумла роҳнамоиву машварат дар таҳияи стратегияро мерасонад.

Сентябрь 23, 2014 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
Пагоҳ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад