Баррасии имлои забони тоҷикӣ
Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар», Холисаи Асомиддин).-Имрӯз дар кафедраи фанҳои гуманитарии Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Забони мо — ҷаҳони мо» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он директори Донишкадаи такмили ихтисос А. Ғаффоров, доктори илмҳои филология, профессор Баҳриддин Камолиддинов, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамиди Самад, номзади илмҳои филология Фарҳод Ҳусейнзода ва ҳамчунин устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Дар мизи мудаввар устодон доир ба имлои забони тоҷикӣ ва таърихи он суҳбат намуданд.
Зикр шуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин нишастҳо пос доштани забони давлатӣ мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






