Баррасии маълумотҳои «Тоҷикинфо»
Душанбе, 2.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар Агентии омор доир ба баррасии нишондиҳандаҳои хазинаи маълумотҳои «Тоҷикинфо» ва хазинаи нави маълумотҳо тибқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола семинари корӣ баргузор гардид.
Дар семинар зикр шуд, ки пас аз ифтитоҳ ва пешниҳоди хазинаи нави «Тоҷикинфо» ҷиҳати беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилооти саривақтӣ ва босифат баррасии баъзе нишондиҳандаҳои он зарур аст.
Мутахассисони агентӣ корбарии барномаи Devinfo ва ҳолати пешрафти онро дар Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Дар ин замина, имкониятҳои мавҷудаи истифода аз хазинаи маълумотҳои «Тоҷикинфо», аз ҷумла мураттаб намудани ҷадвал ва харитаҳо нишон дода шуд.
Ба ширкаткунандагони семинар рӯйхати нишондиҳандаҳо оид ба демография, тандурустӣ, маориф, муҳити зист, маводи истеъмолӣ, иқтисодиёт, ҳифзи кӯдакон, иттилоот ва коммуникатсия пешниҳод гардид. Иштирокчиён пешниҳод карданд, ки дар рӯйхат сарчашмаи маълумотҳо низ нишон дода шавад.
Зикр шуд, ки нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола аз хазинаи маълумотҳои «Тоҷикинфо» гирифта шаванду баъзе эродҳо, пешниҳодҳо ҷиҳати беҳтар шудани нишондиҳандаҳо ироа шуда, пас аз таҷдиду баррасии хазинаи маълумотҳо рӯнамоӣ ва омӯзиш оид ба истифодаи «Тоҷикинфо» баргузор шавад.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






