Баррасии маълумотҳои «Тоҷикинфо»

Сентябрь 2, 2014 10:16

 
Душанбе, 2.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Дар Агентии омор доир ба баррасии нишондиҳандаҳои хазинаи маълумотҳои «Тоҷикинфо» ва хазинаи нави маълумотҳо тибқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола семинари корӣ баргузор гардид.
Дар семинар зикр шуд, ки пас аз ифтитоҳ ва пешниҳоди хазинаи нави «Тоҷикинфо» ҷиҳати беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилооти саривақтӣ ва босифат баррасии баъзе нишондиҳандаҳои он зарур аст. 
Мутахассисони агентӣ корбарии барномаи Devinfo ва ҳолати пешрафти онро дар Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Дар ин замина, имкониятҳои мавҷудаи истифода аз хазинаи маълумотҳои «Тоҷикинфо», аз ҷумла мураттаб намудани ҷадвал ва харитаҳо нишон дода шуд.
Ба ширкаткунандагони семинар рӯйхати нишондиҳандаҳо оид ба демография, тандурустӣ, маориф, муҳити зист, маводи истеъмолӣ, иқтисодиёт, ҳифзи кӯдакон, иттилоот ва коммуникатсия пешниҳод гардид. Иштирокчиён пешниҳод карданд, ки дар рӯйхат сарчашмаи маълумотҳо низ нишон дода шавад. 
Зикр шуд, ки нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола аз хазинаи маълумотҳои «Тоҷикинфо» гирифта шаванду баъзе эродҳо, пешниҳодҳо ҷиҳати беҳтар шудани нишондиҳандаҳо ироа шуда, пас аз таҷдиду баррасии хазинаи маълумотҳо рӯнамоӣ ва омӯзиш оид ба истифодаи «Тоҷикинфо» баргузор  шавад. 
 

Сентябрь 2, 2014 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад