Баррасии масоили муҳими ҳамкории Тоҷикистону Русия дар ҳамоиш

Сентябрь 20, 2014 11:36

Душанбе, 20.09.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки дар доираи баргузории Форуми  байнипарлумонии Тоҷикистону Русия, ки охири моҳи октябр дар Маскав таҳти унвони «Русия -Тоҷикистон: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» баргузор мегардад, чор мизи мудаввар ташкил шавад.
      Мавзӯъҳои мизи мудаввар марбут ба рушди ҳамкориҳои иқтисодии байниминтақавӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва низоми бонкӣ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва сармоягузорӣ, тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи кишоварзӣ, вазъ ва танзими ҳуқуқии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ миёни Тоҷикистону Русия ва самтҳои рушди минбаъдаи робитаҳои башардӯстонаи Тоҷикистону Русия мебошанд.
 Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати омодагӣ ба Форуми чоруми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия дар ҷумҳурӣ Кумитаи тадорукот созмон дода шудааст. Ба ҳайати Кумитаи тадорукот  муовинони Сарвазири ҷумҳурӣ ва роҳбарони вазорату сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистои Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ки ҳамзамон муовинони раиси палатаи болои Парлумон ва раисони кумитаҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ мебошанд, шомиланд. 

Сентябрь 20, 2014 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!