Баррасии моҳияти Сарқонун дар Ишкошим

Сентябрь 3, 2014 12:01

Душанбе, 3.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо мақсади тарғибу ташвиқи мазмун ва аҳамияти Сарқонун ( Конститутсия) — и кишвар, ки имсол ба қабули он 20-сол пур мешавад, гурўҳҳои корӣ дар ҳайати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар вилоят ба ноҳияҳои Шуғнон ва Ишкошим сафарбар шуданд.Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ Пулод Зеваршоев изҳор дошт, ки ҳангоми мулоқот бо сокинони вилоят оид ба паҳлўҳои гуногуни Сарқонун, мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он, ҳамзамон оид ба «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015», ки ба болоравии сатҳи зиндагӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар мусоидат менамояд, ибрози андеша карда шуд.Ҳангоми вохўриҳо қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.Таваҷҷуҳи иштирокдорони вохўрӣ ба он ҷалб гардид, ки ҳар як муҳоҷир пеш аз сафар бояд шартҳо ва талаботи қонунҳои давлати қабулро хуб донад ва ҳатман риоя намояд.Бино ба иттилои сухангӯи Хадамоти муҳоҷират Абдуллои Қодирӣ, санҷиши муроҷиатҳои шаҳрвандон оид ба ихроҷ нишон дод, ки дар давоми 8 моҳи соли равон барои риоя накардани қонунгузориҳои Федератсияи Русия зиёда аз 200 нафар истиқоматкунандагони ВМКБ аз қаламрави ин кишвар ба муҳлати аз 3 то 5 сол берун карда шудаанд.

Сентябрь 3, 2014 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд