Баррасии таъмини маводи озуқаворӣ дар нишасти ВК ҶТ

Сентябрь 23, 2014 14:45

Душанбе, 23.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Имрӯз дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВК ҶТ)  бо иштироки масъулини соҳа, сардорони раёсатҳои вазорат дар мавзӯи «Таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ барои солҳои 2014- 2015 ва нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ» нишаст баргузор шуд.
Дар нишаст сардорони раёсатҳои вазорат, мутахассисони масъули соҳа иштирок намуда, мавзӯи зеринро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар нишасти мазкур масъулини вазорат ба суолҳои хабарнигорон доир ба масъалаи мазкур посухҳои мушаххас гардониданд.
Зикр шуд, ки то охири соли 2014 мувофиқи таҳлилҳо ва кишти гузаронидашуда дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояту шаҳр ва ноҳияҳо ҳосили интизории истеҳсоли ғалладона 1210,8 ҳазор тонна, аз ҷумла гандум 813,8 ҳазор тонна, пахта 366,0 ҳазор тонна, картошка 902,9 ҳазор тонна, сабзавот 1389,2 ҳазор тонна, полезӣ 513,2 ҳазор тонна, мева 340,0 ҳазор тонна, ангур 180,0 ҳазор тонна, гӯшт 167,5 ҳазор тонна, шир 820 ҳазор тонна, тухм 350,8 млн. дона, моҳӣ 1,7 ҳазор тонна, асал 3,6 ҳазор тонна муайян  шудааст.
Зикр гардид, ки мутахассисони Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа вазъияти норасоии маҳсулоти мевагиву сабзавотро дар фаслҳои зимистону аввали баҳор мавриди омӯзиш қарор дода,  лоиҳаи «Барномаи давлатии захираи маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар давраи тирамоҳу зимистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019» таҳия намуданд ва баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор (вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии сармоягузорӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот») ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
 
 

Сентябрь 23, 2014 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад