Баррасии таъмини маводи озуқаворӣ дар нишасти ВК ҶТ
Душанбе, 23.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Имрӯз дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВК ҶТ) бо иштироки масъулини соҳа, сардорони раёсатҳои вазорат дар мавзӯи «Таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ барои солҳои 2014- 2015 ва нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ» нишаст баргузор шуд.
Дар нишаст сардорони раёсатҳои вазорат, мутахассисони масъули соҳа иштирок намуда, мавзӯи зеринро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар нишасти мазкур масъулини вазорат ба суолҳои хабарнигорон доир ба масъалаи мазкур посухҳои мушаххас гардониданд.
Зикр шуд, ки то охири соли 2014 мувофиқи таҳлилҳо ва кишти гузаронидашуда дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояту шаҳр ва ноҳияҳо ҳосили интизории истеҳсоли ғалладона 1210,8 ҳазор тонна, аз ҷумла гандум 813,8 ҳазор тонна, пахта 366,0 ҳазор тонна, картошка 902,9 ҳазор тонна, сабзавот 1389,2 ҳазор тонна, полезӣ 513,2 ҳазор тонна, мева 340,0 ҳазор тонна, ангур 180,0 ҳазор тонна, гӯшт 167,5 ҳазор тонна, шир 820 ҳазор тонна, тухм 350,8 млн. дона, моҳӣ 1,7 ҳазор тонна, асал 3,6 ҳазор тонна муайян шудааст.
Зикр гардид, ки мутахассисони Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа вазъияти норасоии маҳсулоти мевагиву сабзавотро дар фаслҳои зимистону аввали баҳор мавриди омӯзиш қарор дода, лоиҳаи «Барномаи давлатии захираи маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар давраи тирамоҳу зимистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019» таҳия намуданд ва баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор (вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии сармоягузорӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот») ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






