Беҳтарин маҳсулоти ватанӣ муайян шуд

Сентябрь 19, 2014 11:39

Душанбе, 19.09.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Шоми дирӯз дар шаҳри Душанбе озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо («Тоҷикстандарт») аз 1 апрели соли ҷорӣ оғоз шуд, ҷамъбаст гардид. 
Муовини аввали директори «Тоҷикстандарт» Ибодулло Қурбонов зимни ифтитоҳи чорабинии ҷамъбасти озмун зикр намуд, ки кишвари соҳибистиқлоли мо дар масири ду даҳсолаи охир пайгирона то ба зинаи давлатдории муосир расид ва ҳоло ба сӯи марҳалаи тозаи инкишофи хеш, таҳкиму тақвияти аркони давлатдории мустақили худ ва торафт беҳтар намудани зиндагии сокинони мамлакат бо қадамҳои устувор пеш меравад. Сиёсати дастгирии рушди соҳибкорӣ, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ ва бо ҳамин роҳ ташкил кардани ҷойҳои нави кор яке аз самтҳои муҳими тараққиёти минбаъдаи иқтисоди миллиамон мебошад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки даври аввали озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо ширкати фаъолонаи соҳибкорони ватанӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ гузашт ва натиҷаҳои дилхоҳ дод. Хурсандиовар аст, ки дар даври аввали озмун беш аз 180 корхонаю ширкат ва ҷамъиятҳои саҳҳомӣ маҳсулоти беҳтарини худро пешкаш намуда, ҷойҳои беҳтаринро дар чанд номгӯйи озмун соҳиб гардиданд. 
Ҳамин тариқ дар ин озмун аз рӯи ин номгӯйҳо ғолиб омаданд:
 
Ғолибони номинатсияи «Маҳсулоти хўрокворӣ» дар гуруҳи «Маҳсулоти гўштию ширӣ ва равған»
Дипломант -Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Осиё+М», ш.Қурғонтеппа, маҳсулот: Яхмоси сарширӣ
  Дипломант — Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Файзи Расул», ш.Хуҷанд,  ҳасиби «Зернистая»   
  Дипломант — Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Шири Саодат», ш. Душанбе, Кефири пастеризатсияшуда 
  Дипломант — Соҳибкори инфиродӣ Саматов А. «Азизӣ», н. Б. Ғафуров, Ҳасибчаҳои дудхўрда бо панир, 
Лауреат — ғолиб, дорандаи ҷойи аввал дар номинатсияи «Маҳсулоти хўрокворӣ», дар гурӯҳи «Маҳсулоти гўштию ширӣ ва равған»
Сехи хусусии ҳасиббарорӣ «Баҳор», Соҳибкори инфиродӣ Отаҷонов Шуҳрат, н.Рудакӣ,  Ҳасиби буғии «Баҳор», Шифоӣ, ҳасибчаи ширдор ва ҳасиби  нимдудхӯрдаи  «Салями» 
Дар номгӯи  «Маҳсулоти хўрокворӣ» дар гурӯҳи
Маҳсулоти нону булкагӣ ва қаннодӣ
Дипломант — Соҳибкори инфиродӣ Раҳимов С., ш.Душанбе, Қанди сафед, Пистаи бирён, Ярмаҳо (лӯбиё, нахуд, марҷумак), 
Дипломант — ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Шириниҳои шарқ», ш.Қурғонтеппа, Торти бисквитӣ, 
Дипломант — ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи  «Суғдиён», ш.Кўлоб, Орди гандумии навъи 1-ум, 
Лауреат — Ғолиб ва дорандаи ҷойи аввал дар номгӯи «Маҳсулоти хўрокворӣ» дар гурӯҳи Маҳсулоти нону булкагӣ ва қаннодӣ
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маколли», ш.Душанбе, Нони қолабии  «Бородинский», Вафлии «Санам»
Лауреат — ғолиб ва дорандаи ҷойи аввал дар номгӯи «Маҳсулоти хўрокворӣ» дар гурӯҳи Маҳсулоти нону булкагӣ ва қаннодӣ
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фабрикаи қаннодии «Амирӣ», н.Рўдакӣ, Карамелҳои  Барбарис,  Фрутолино, конфетҳои шоколадӣ, Самар,  Амино,  Какао. 

          Ғолибон дар номгӯи «Маҳсулоти хўрокворӣ» дар гурӯҳи
нӯшокиҳо ва консерваҳо,  тухми мурғ ва дигар маҳсулот
 
Дипломант — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сонет», н.Рўдакӣ, Оби минералӣ, «Виста шамбарӣ», Нӯшокии ғайриспиртӣ «Лимонад советский» 
Дипломант — Оби минералии «Помир», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Панҷ», ш.Хоруғ
Дипломант — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Севен Стар Пласт», ш.Истаравшан, Оби маъдании «Хаватаг» 
Дипломант — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Илми истеҳсолӣ», ш.Душанбе, Маҳсулоти консерва  «Дар гурӯҳи  «Ҷавонӣ» 
Дипломант — Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Хоҷа-Муъмин», ш.Кўлоб, Намаки ошии «Экстра»  
Дипломант — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зода», ш.Хуҷанд, Нӯшобаи «Зардолуоб» 
Дипломант — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анахита-Адвисура», ш.Душанбе, Нӯшокии  ғайриспиртии «Чойи «Анаҳито», Оби чашма «Анаҳито»,  Оби ошомидании газноки «Анаҳито», Оби минералии «Анаҳито»  
Лауреат — ғолиб ва дорандаи ҷойи аввал дар номгӯи «Маҳсулоти хўрокворӣ» дар гурӯҳи нӯшокиҳо ва консерваҳо,  тухми мурғ ва дигар маҳсулот
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мурғи ҳилол», н.Файзобод, Тухми мурғ 
Ғолибони номгӯи
 «Маҳсулоти саноатӣ барои аҳолӣ»  дар гурӯҳи «Маҳсулоти нассоҷӣ ва қолинҳо» 
 
Дипломант — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спитамен Текстайл», н.Спитамен, Риштаҳои пахтагин 
Дипломант — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ИИ насоҷии Тоҷик», ш.Душанбе, Матои пахтагин диагонали махсус, маҷмӯи болопӯши рахти хоб арт. 153 
Лауреат — ғолиб ва дорандаи ҷойи аввал дар  номгӯи «Маҳсулоти саноатӣ барои аҳолӣ»  дар гурӯҳи «Маҳсулоти нассоҷӣ ва қолинҳо» 
  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Суғд», ш.Қайроққум, Қолин 
 
Ғолибон дар номгӯи «Маҳсулоти саноатӣ барои аҳолӣ»,
дар гурӯҳи «Молҳои ниёзи мардум»
 
Дипломант — ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Силкоат бойя», ш.Хуҷанд, Молҳои рангуборкунии дохил ва беруни бино 
Дипломант — Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Тоҷикмебел», ш.Душанбе, Ҷиҳози хонаи хоб 
Дипломант — Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Офсет», ш.Душанбе, Маҳсулоти полиграфӣ 
Лауреат — ғолиб ва дорандаи ҷойи аввал дар  номгӯи «Маҳсулоти саноатӣ барои аҳолӣ»  дар гурӯҳи «Молҳои ниёзи мардум»  Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи  «Атрак шими шарқ», ш.Душанбе, Рангҳои сохтмонӣ «Кўҳистон» 
Ғолибони номгӯи «Молу маҳсулоти таъйиноти истеҳсолию техникӣ», дар гурӯҳи «Масолеҳи сохтмонӣ»
 
Дипломант — Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Сементи Тоҷик», ш.Душанбе, Сементи ба сулфат тобовари навъи  ССПС-М 400 
Дипломант — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмони махсус», ш.Душанбе,  Омехтаи бетонӣ 
Лауреат — ғолиб ва дорандаи ҷойи аввал дар  номгӯи «Молу маҳсулоти таъйиноти истеҳсолию техникӣ», дар гурӯҳи «Масолеҳи сохтмонӣ»
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муаллими Файзалӣ», н.Ёвон, Омехтаи хокаи сохтмонии «Ғўрагач» 
 
Ғолибон дар номгӯи «Молу маҳсулоти таъйиноти истеҳсолию техникӣ»  дар гурӯҳи «Маснуоти оҳану бетонӣ»
 
Дипломант — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунёдкор -Т», н.Рўдакӣ, тахтасанги оҳану бетонии болопӯши дарунхолии силсилаи 1.141 
Лауреат — ғолиб ва дорандаи ҷойи аввал дар  номгӯи «Молу маҳсулоти таъйиноти истеҳсолию техникӣ», дар гурӯҳи «Маснуоти оҳану бетонӣ»
Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи  «ЖБК-3», ш.Душанбе, Тахтасангҳои оҳану бетонии болопӯши дарунхолӣ  1ПК 59-12-6А111-С9 
 
Ғолибон дар номгӯи «Молу маҳсулоти таъйиноти истеҳсолию техникӣ» дар гурӯҳи «Маҳсулоти пластикӣ ва металлӣ»
 
Дипломант — ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Севен Стар Пласт», ш.Хуҷанд, Қубурҳои пластикӣ 
Дипломант — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Равзана Пластик», ш.Хуҷанд, Профилҳои пластикӣ 
Лауреат — ғолиб ва дорандаи ҷойи аввал дар  номгӯи «Молу маҳсулоти таъйиноти истеҳсолию техникӣ», дар гурӯҳи «Маҳсулоти пластикӣ ва металлӣ»  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Комплекс», ш.Душанбе, мачта  барои антеннаи алоқаи мобилӣ 
 
Ғолибони номгӯи «Ҳунарҳои мардумӣ» дар гурӯҳи  «Маҳсулоти дӯзандагӣ»
 
Дипломант — Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Суман», ш.Душанбе, Куртаи миллии духтарона ва ҷомаҳои зардӯзӣ 
Дипломант — Соҳибкори инфиродӣ Кучкалиев У., ш.Душанбе, Либосҳои занона ва ороишии рўи саҳна 
Лауреат — ғолиб ва дорандаи ҷойи аввал дар  номгӯи «Ҳунарҳои мардумӣ» дар гурӯҳи  «Маҳсулоти дӯзандагӣ»
Бунёди байналмилалии косибони ҶТ «Ҳафт пайкар», ш.Душанбе,  Куртаҳои миллии занона 
 
      Ғолибони номгӯи «Ҳунарҳои мардумӣ» дар гурӯҳи  «Дастони моҳир»
 
 Дипломант — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мелихуҷа», ш.Қурғонтеппа, Сандуқҳои миллӣ 
Лауреат — Корхонаи Воҳиди Давлатии «Зари Кўлоб», ш.Кўлоб Маҳсулотҳои заргарӣ 
Лауреат — ғолиб ва дорандаи ҷойи аввал дар  номгӯи «Ҳунарҳои мардумӣ» дар гурӯҳи  «Дастони моҳир»  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом», ш.Душанбе,  Маҳсулот аз санги табии ғайриқиматбаҳо 
 
Ғолибони номинатсияи «Хизматрасонии соҳаи савдо» дар гуруҳи «Савдои маҳсулоти хўрокворӣ»
 
Дипломант — Ҷамъияти дорои масъулияташ махдуди «Амид», ш.Хуҷанд, Хизматрасонии савдои чаканаи маҳсулоти хўрокворӣ, 
Дипломант — Маркази Савдои Гулистон, Ҷамъияти дорои масъулияти махдуди «СТК Фарангис», ш.Душанбе Фуруши чаканаи маҳсулоти хўрокворӣ 
Дипломант — Ҷамъияти дорои масъулияти махдуди «Тим», ш.Душанбе, Хизматрасонии савдои чакана 
Лауреат -ғолиб ва дорандаи ҷойи аввал дар  номгӯи «Хизматрасонии соҳаи савдо»
дар гурӯҳи «Савдои маҳсулоти хўрокворӣ»
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маркази савдои Европа TJ» ш.Душанбе, савдои чаканаи маҳсулоти хўрокворӣ 
 
 
Ғолибони номгӯи «Хизматрасонии соҳаи савдо»  дар гурӯҳи «Савдои маҳсулоти саноатӣ» 
 
Дипломант — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Алишер- А.С.К.» Маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонии «Султони Кабир», н.Восеъ, Савдои молхои саноатӣ 
Дипломант — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Милано-трейдинг», ш.Душанбе.Савдои чаканаи либоса 
Лауреат — ғолиб ва дорандаи ҷойи аввал дар  номгӯи «Хизматрасонии соҳаи савдо»  дар гурӯҳи «Савдои маҳсулоти саноатӣ»  
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ақиқа», ш.Душанбе, Савдои маҳсулоти заргарӣ 
 
Ҷоизаҳои махсуси «Ҳаёт бо мо ширинтар аст» 
 
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Эскимо мастер», ш.Душанбе, Яхмоси «Шоко +» Яхмоси «Шоко +».
 Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарифа», н.Қабодиён, Яхмоси «Пломбири ҳақиқӣ» 
 Сехи истеҳсоли қанди қолабӣ Сохибкори инфиродӣ Аминов У. ш.Душанбе, Қанди сафеди «Кристалл» 
 Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шириниҳои Осиё», ш.Душанбе, Шоколади «Зара эксклюзив» 
 Коргоҳи қаннодии «Моҳи нав», ш.Панҷакент, Тортҳои «Моҳи нав»
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «555 МПК», ш.Душанбе, Торти бисквитии  «Дамский пальчик»
 
Ҷоизаҳои махсуси «Тамғаи миллӣ»
 
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лаззат», ш.Душанбе,  Маҳсулоти қаннодӣ «Набот» 
Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Зарбед», ш.Конибодом, Оби маъдании шифобахши «Кўчкак» 
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маквиоли», ш.Душанбе, Маҳсулоти макаронии «Маквиолӣ» 
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зуҳал-М», ш.Кӯлоб, Нӯшокии «Дуғоб» 
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷснек», ш.Душанбе, Тухми бирёни офтобпараст 
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авранг», ш.Кўлоб,   Нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, Оби ошомиданӣ 
Ҷоизаҳои махсуси «Лаззати сифат»
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Заводи равғанбарории Исфара», ш.Исфара, Маҳсулоти ширии чакка 
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Порсои Хуҷанд», ш.Хуҷанд, Сметана 25%, 
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Афзали Суғд», н.Б.Ғаффуров, Ряженкаи равғаннокиаш 4 фоиза 
Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Комрон-агро-холдинг», н.Ёвон, Маҳсулоти ширӣ «Қаймоқ» 
 
Ҷоизаҳои махсуси «Мо беҳтаринем!» 
 
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Шоҳини ҷаҳон», ш.Душанбе, Собуни мушки «ROYAL LATNER»
Мағозаи хўроквории «Сиёвуш 2» ш. Қурғонтеппа, Хизматрасонӣ дар савдои чаканаи хўрокворӣ 
 
  Ҷоизаи махсуси «Аз беҳтарин месозем» 
 
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд пластик», н.Б.Ғаффуров, Профилҳои пластикӣ аз ПВХ, сафед ва булути тиллоӣ 
 
Ҷоизаи махсуси «Ҷавонтарин иштирокчии озмун» 
 
Ҳайдаров Қобил, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ясмин фуд», ш.Душанбе
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Сентябрь 19, 2014 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд
Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 25 электромотороллер дастрас гардид
Бар асари бориши зиёд дар Бразилия панҷ нафар ҳалок ва 18 нафар бедарак шудаанд
Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид
Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад