Беҳтарин муассисаҳои таълимии пойтахт муайян гардиданд
Душанбе, 1.09.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова). — 1 млн. 717 ҳазору 63 хонанда имрӯз ба даргоҳи муассисаҳои таълимии Тоҷикистон қадам гузоштанд. Барои бештари онҳо имрӯз занги аввал садо дод.Қисми дигари хонандагон ба мактабҳои наву замонавӣ қадам ниҳоданд.
Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 3 ҳазору 836 муассисаи таълимӣ мавҷуд аст.Танҳо дар пойтахт 136 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунад,ки аз ин миқдор беш аз 20-тояш гимназия буда, аз рӯи самтҳои гуногуни педагогӣ амал мекунанд.
Дар остонаи соли нави таҳсил аз ҷониби Раёсати маорифи шаҳр санҷиши ҳамаи муассисаҳои таълимии пойтахт гузаронида шуда,беҳтаринҳо муайян гардиданд.
Ба иттилои Раёсати маорифи шаҳр ба соли нави хониш аз ҳама беҳтар муассисаҳои таълимии № 54, 94, 67, 24, 42, 78 ва 77 омодагӣ дидаанд.Бояд гуфт,ки барои санҷиши 87 муассисаи таълимӣ, 13 гимназия, 14 литсей, 6 мактаб -интернат, инчунин 2 мактаби мусиқии шаҳр комиссияи махсус ташкил шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






