Безараргардонии минтақаҳои хатарзои Тоҷикистон

Сентябрь 12, 2014 15:01

Душанбе, 12.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар машварате, ки бо ибтикори Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мина роҳандозӣ шуд, доираи васеи кормандони мақомоти марбутаи давлатӣ, намояндагон аз ташкилоту муассисаҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик ширкат намуданд.Зимни баргузории семинар масъулини соҳа таваҷҷуҳи ҳозиринро ба безараргардонии минтақаҳои хатарзои Тоҷикистон, ки аз солҳои навадуми асри гузашта ба миён гузошта шудаанд, бартарафсозӣ ва оқибатҳои онро мавриди баррасӣ қарор доданд.Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, аз соли 2004 инҷониб 190 майдони минадошта дар 14 шаҳру ноҳияи кишвар миёни сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва Ӯзбекистон бо дастгириву мусоидати ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ безарар гардонида шудааст. Ба гуфтаи масъулин дар тӯли ин солҳо то кунун 12,6 км квадратӣ замини минадошта безарар гардонида шуда, 8,9 км квадратии он боқӣ мондааст, ки тоза намудани он то соли 2020 ба нақша гирифта шудааст. Масъалаи тадқиқот ва безараргардонии минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо қарор дошта, дар тобеияти он се агентии безараргардонӣ фаъолият дорад, ки ин ташкилоти фонди Швейтсарӣ оид ба безараргардонии минаҳо, дастаи безарарсозии башардӯстонаи минаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти кумаки мардумии Норвегия мебошад.Амалиёт дар митақаҳои хатардошта бо истифода аз техникаҳои дастӣ, сагҳои минаҷӯй ва мошинҳои безараргардонӣ сурат мегирад. Ҳайати шахсии гурӯҳҳоро ғайринизомиён ва хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ аз Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар бар мегирад.

Сентябрь 12, 2014 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!