Бизнесс-форуми соҳибкорони СҲШ дар Душанбе

Сентябрь 10, 2014 16:06

Душанбе, 10.09.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Бизнес-форуми соҳибкорони кишварҳои аъзои ин Созмон баргузор гардид.
Дар кори Бизнес-форум, ки омодагӣ ва баргузории он таҳти садорати бевоситаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, зиёда аз 300 намояндагони аҳли тиҷорату саноати Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ўзбекистон, Муғулистон, Ҳиндустон, Туркия, инчунин кормандони масъули созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок намуданд.
Бизнесс-форумро муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро аз номи Ҳукумати мамлакат ва мардуми тоҷик самимона хайра мақдам гуфт. Вай қайд намуд, ки баргузории бизнес-форумҳо падидаи анъанавӣ ва бонуфузе мебошад, ки таваҷҷуҳи доираи иқтисодиву тиҷоратиро дар тамоми миқёси Созмони ҳамкории Шанхай ба худ ҷалб менамояд.
«Мусоидати воқеӣ ҷиҳати равнақ додани ҳамкориҳои расмии байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, давлатҳои нозир ва шарикон оид ба муколама, инчунин ноил гардидан ба рушди муназзаму муштарак ва мутақобилан судманди кулли кишварҳои минтақа яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай мебошад. Дар робита бо ин давлатҳои аъзои ин Созмон ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва вусъати ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, пешбурд ва ҷалби сармоя, нақлиёт ва телекоммуникатсия, энергетика, кишоварзӣ, илму техника, фарҳанг ва ғайра саъю талош меварзанд», — таззакур дод Д.Саид.
Муовини аввали Сарвазир гуфт, ки Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои узви СҲШ робитаҳои хубу самарабахти иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дошта, зиёда аз 50 фоизи гардиши моли он бо кишварҳои аъзои ин созмони бонуфузӣ минтақавӣ рост меояд. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон ҷиҳати вусъати ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои СҲШ ҳавасманд аст.
Дар хотима муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид изҳори боварӣ намуд, ки чорабинии имрӯза, ки таҳти шиори «Ҳамкорӣ, Ҳамрушдӣ ва Ҳамшукуфоӣ» баргузор мегардад, ба намояндагони бахши хусусии давлатҳои мо барои ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилан судманд ҷиҳати рушду пешрафти муштарак шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.

Сипас, Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай ҷаноби Мезентсев Д.Ф., Раиси Қисми миллии Шўрои расмии СҲШ аз Ҷумҳурии Қазоқистон Палташева М. Т., Раиси Қисми миллии Шўрои расмии СҲШ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой Юй Пин, Раиси Қисми миллии Шўрои расмии СҲШ аз Ҷумҳурии  Қирғизистон Шаршекеев Марат Дуйшебаевич, Раиси Қисми миллии Шўрои расмии СҲШ аз Федератсияи Россия Катирин Сергей Николаевич, Раиси Қисми миллии Шўрои расмии СҲШ аз Ҷумҳурии Ўзбекистон Шайхов А.Э., Раиси Шўрои  соҳибкории Туркияву Тоҷикистон дар назди Кумитаи робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Туркия Маҳмуд Эр, Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистон Ҳамитов Р.З., намояндагони вазорату идораҳо, аҳли тиҷорату саноат ва ташкилотҳои ҷамъиятии давлатҳои аъзо ва шарикон оид ба муколама бо сухани шодбошӣ ба ҳозирин муроҷиат намуданд.
Дар Бизнес-форум Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дар мавзўи “Имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон” баромад кард. Дар доираи ин муаррифӣ маълумоти пурмўҳтаво дар бораи иқтидори инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои инкишофи он пешкаш гардид.
Қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вусъат бахшидани ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ ва ташаккули боварии инвеститсионӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ҷодаи содда кардани заминаи ҳуқуқӣ ва танзимкунанда ҷиҳати рушди бахши хусусӣ муваффаққиятҳои назаррас ба даст оварда шудаанд. Чор минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис гардидааст, ки рушди фаъолона дошта, дар қаламрави онҳо низоми имтиёзноки андозу гумрук амал мекунад.
Дар муаррифӣ ба соҳаҳои муҳими ҳамкории иқтисодӣ: истифодаи самаранки захираҳои обу энергетикии минтақа, иктишоф ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, рушди соҳаҳои кишоварзӣ ва туризм таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда шуд.
Дар қисми дуюми Бизнес-форум иштирокчиён аз рўи манфиатҳои соҳавӣ ба бахшҳои зерин тақсим шуданд:
1. Ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва амнияти энергетикии кишварҳои СҲШ. Дар ҷараёни ҷаласаи бахши мазкур, ки раёсати онро Вазири саноат ва технологияҳи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Шавкат бар ўҳда дошт, мавзўъҳои зерини ҳамкории кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай шунида шуданд ва муҳокима гардиданд:
— “Рушди саноати маъданҳои кўҳӣ бо иштироки кишварҳои СҲШ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
— “Таҷрибаи бомуваффақияти сармоягузорони минтақаи СҲШ ва нақшаҳои минбаъдаи вусъат бахшидани истеҳсолот бо мақсади баромадан ба бозори минтақавӣ”;
— “Ҳамкории инвеститсионӣ дар самти роҳи нави абрешини Тоҷикистону Хитой”;
— “Амнияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи суботи энергетикии минтақа”;
— “НБО-и Сангтўда – лоиҳаи ҳамкории бомуваққият дар соҳаи амнияти энергетикии давлатҳои аъзои Созмон”;
— “Татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ аз рўи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ”.
2. Рушди комплекси агросаноатӣ ва амнияти озуқавории кишварҳои СҲШ. Дар ҷараёни ҷаласаи бахши мазкур, ки садорати онро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар ба зимма дошт, мавзўъҳои зерини ҳамкории кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай мавриди муҳокима қарор дода шуданд:
— “Рушди комплекси агросаноатӣ ва амнияти озуқавории Тоҷикистон аз нигоҳи рушди минтақавӣ”;
— “Саҳми Саҳми соҳибкорони давлатҳои аъзои СҲШ дар рушди саноати хўрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
— “Рушди чорводории ширӣ дар мисоли субъекти Федератсияи Россия”;
— “Таҳияи пешниҳодот оид ба ушди зироаткорӣ ва бунёди зеркомплексҳои агросаноатӣ дар кишварҳои СҲШ”;
— “Имкониятҳо ва афзалиятҳот рақобати агробизнес дар Тоҷикистон дар миқёси минтақа”.
3. Нақши созмонҳои молиявӣ дар миқёси СҲШ.Мавзўъҳои асосии бахши мазкур, ки садри он Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ширинов А.Ш. буд, самтҳои зерини ҳамкории кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай буданд:
— “Ҳамкории молиявии кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай”;
— “Механизмҳои ояндадори таъминоти молиявии фаъолияти лоиҳавӣ дар миқёси СҲШ”;
— “Фаъолияти минтақавии Казкоммерсбонк»;
— “Ҷалби сармоягузорӣ ба бахши молиявӣ”;
— “Нақши бонк дар рушди соҳибкорӣ дар миқёси Созмони ҳамкории Шанхай”.       
4. Бартараф намудани монеаҳои савдо дар миқёси СҲШ  бо роҳи тавсеаи коридорҳои нақлиётӣ. Дар ҷараёни ҷаласаи бахши мазкур, ки садорати онро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ба зимма дошт, мавзўъҳои зерини ҳамкории кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай мавриди муҳокима қарор дода шуданд:
— “Рафъи монеаҳои маъмурӣ, инчунин содда кардани барасмиятдорории гумрукӣ ва назорат дар сарҳад”;
— “Имкониятҳои нав барои инкишофи муносибатҳои тиҷоратии кишварҳои СҲШ. Инфрасохтори интрнетии фазои ягонаи иттилоотии тиҷоратӣ”;
— “Имкониятҳои тавсеаи коридорҳои иқтисодӣ дар доираи СҲШ”;
— “Ҳамкорӣ дар соҳаи гумрук: талаботу имкониятҳои нав”;
— “Таъсиси Маркази логистикии “Панҷи Поён”;
— “Истифодаи системаҳои нақлиётии зеҳнӣ” (СНЗ) барои таъмини интиқоли бароҳат, бехатар ва босуръати бору мусофирон дар коридорҳои нақлиётии СҲШ”. 
5. “Рушди туризм дар миқёси СҲШ”. Дар ҷаласаи бахши мазкур, ки садорати онро Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода А.Р.  ба зимма дошт, самтҳои муҳими зерини ҳамкории кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай мавриди муҳокима қарор дода шуданд:
— “Имкониятҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси минтақа”;
— “Стратегияҳои рушди туризм дар Федератсияи Россия барои давраи то соли 2020”;
— “Ҳамкории лоиҳавӣ оид ба тандурустӣ ва туризм дар доираи СҲШ”;
— “Дурнамои рушди туризми тиббӣ дар миқёси СҲШ”;
— “Имкониятҳои вусъати ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои СҲШ”;
— “Имкониятҳои туристии Роҳи абрешим”;
 “Мусоидат барои рушди ҳамкорӣ дар асоси хизматрасонии меҳмонхонаҳо”.
Аз рўи натиҷаҳои Бизнес-форум иштирокчиёни он Қатъномаеро қабул намуданд, ки дар он зарурат ва имкониятҳои ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ишора гардидааст. 
Соҳибкорон ва сармоягузорони кишварҳои минтақа метавонанд дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи технологияҳои баланд, энергетика, кишоварзӣ, соҳаҳои саноати коркард, туризм, нақлиёт, инчунин ҳамкории инвеститсионӣ бо ҷалби иқтидори кишварҳои аъзо бо мақсади мусоидат намудан ба рушду инкишофи муштарак дар минтақа саҳми арзандаи худро гузоранд.
Иштирок дар таъсис додани минтақаҳои махсуси иқтисодӣ, истифодаи технологияҳои муосир барои таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, рушди “иқтисодиёти сабз”, ташаккули инфрасохтори инноватсионӣ, фароҳам овардани шароити мусоиду содда кардашуда барои фаъолияти тиҷоратӣ ва инноватсионӣ, рушди туризм, инчунин сохтмони иншооти инфрасохтори трансмиллӣ ҳамчун вазифаҳои асосии инкишофи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи СҲШ муайян карда шуданд. Таъкид карда шуд, ки ҳамаи ин вазифаҳо метавонанд танҳо дар сурати мавҷуд будани воситаҳои ташкилӣ ва молиявӣ иҷро карда шаванд. Дар ин робита иштирокчиёни Бизнес-форум омодагии хешро ҷиҳати дастгирӣ намудани фаъолияти Шўрои корӣ ва Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ, таҳкими минбаъдаи ҳамкории онҳо, вусъат бахшидани фаъолияти лоиҳавӣ ва тамосҳо бо ҷомеаи соҳибкории миқёси Созмони ҳамкории Шанхай иброз намуданд.
 
 
 
 

Сентябрь 10, 2014 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт