Болопўшҳои барқтавлидкунанда заруранд
Душанбе, 17.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Назири Назир).-Чанд муддат аст, ки дар болои бомҳои хонаҳои баландошёна ғайримақсаднок васл намудани мавҷгирҳои моҳворавӣ, таҷҳизоти хунуккунӣ (кондитсионерҳо) ва мавҷгирҳои мобилии қабулкунанда ва содиркунанда ғайриқонунӣ ба мушоҳида мерасад.
Дар давлатҳои тараққикарда бомҳоро барои истифодаи болопӯшҳои барқтавлидкунанда истифода мебаранд. Дар шаҳри Душанбе стансияҳои барқи офтобӣ (болопӯшҳои барқтавлидкунанда)-ро дар ҳудуди беморхонаи клиникии ҷумҳуриявӣ, таваллудхонаи №1, назди боғи «Дӯстии халқҳо» истифода бурда истодаанд. Аз сабаби гарон будани нархи болопӯшҳо ва таҷҳизи онҳо хоҷагиҳои шахсӣ наметавонанд чунин болопўшҳои барқтавлидкунандаро истифода баранд. Ин болопӯшҳо асосан аз давлати Чин ворид мегарданд.
Экологҳои ҷумҳурӣ истифодаи батареяҳои офтобиро ҳаматарафа дастгирӣ менамоянд, зеро он барои истеҳсоли барқ ҳамчун сузӣшворӣ истифода намешавад ва ҳавои атмосфераро ифлос намекунад. Дар ҷумҳурии мо 300 рӯзи офтобӣ мавҷуд буда ва истифодаи батареяи офтобӣ манфиатнок мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






