Боздиди Чин Бай Чунли аз Академияи илмҳои Тоҷикистон
Душанбе, 16.09.2014. (АМИТ «Ховар»). -Ҳафтаи сипаригардида дар рӯзҳои баргузории ҷаласаи сарони давлатҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин Бай Чунли ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Зимни ҷаласа дар академия президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимӣ ба Бай Чунли дипломи узви хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид. Бай Чунли, узви пайвастаи Академияи илмҳои Чин, мутахассиси варзида дар соҳаи химия мебошад ва соҳиб шудани дипломи узвияти хориҷии АИ ҶТ-ро низ барои худ ганҷи пуршараф арзёбӣ намуд. Ӯ ҳадафи сафари худ ба АИ ҶТ-ро бо мақсади боз ҳам мустаҳкамтар гардонидани муносибатҳои илмӣ-истеҳсолии Тоҷикистону Чин маънидод намуд.
Фарҳод Раҳимӣ ҳамроҳ бо Бай Чунли ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология рафта, аз фаъолияти институти мазкур, дастовардҳои олимон ва сангҳову намунаи канданиҳои фоиданоку маъданҳои кишвар дидан карданд.
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, ҳамроҳ бо президенти Академияи илмҳои Чин Бай Чунли аз Институти зоология ва паразитология, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва яке аз марказҳои АИ ҶТ, воқеъ дар Кондараи ноҳияи Варзоб, ки барои санҷиши боду ҳаво, намнокии хок, муайян намудани таркиби хок мусоидат мекунад, дидан карданд.
Ҷонибҳо дар бораи таъсис додани «Маркази экологӣ ва муҳити зисти Осиёи Марказии Академияи илмҳои Чин» дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома ба имзо расониданд.
Дар ин бора аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






