Боздиди Р.Асадуллин аз ДДОТ
Душанбе, 15.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Раил Асадуллин, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М.Акмулло 10-уми сентябри соли ҷорӣ зимни боздид аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо ректор Абдуҷаббор Раҳмонов мулоқот намуд.
Тавре ки котиби матбуоти донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, зимни суҳбат Абдуҷаббор Раҳмонов изҳор дошт, ки ҳарчанд равобит миёни ду мактаби олии омӯзгорӣ ба тозагӣ ба роҳ монда шудааст, хурсандибахш аст, ки он дар муддати кӯтоҳ тақвият ёфт. Итминони комил ҳаст, ки дар ҷодаҳои мухталиф шартномаҳои ҳамкорӣ ба тасвиб мерасанд ва миёни омӯзгорон табодули таҷриба сурат мегирад.
Р.Асадуллин ба роҳбарияти донишгоҳ барои даъват ва пазироии самимӣ арзи сипос намуда, зикр кард, ки чун фаъолияти ҳар ду таълимгоҳ ба як самт равона мебошад, мо бояд дар бахшҳои гуногун созишномаҳо ба тавсиб расонем. Р.Асадуллин аз сафари кории А.Раҳмонов ба донишгоҳашон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки он замон доир ба барқарорнамоии равобити ҳасана гуфтугӯ сурат гирифта буд. Ба қавли мавсуф, ташаббускори аслии ҳамкориҳои дуҷониба ректор А.Раҳмонов мебошад, ки шахси ниҳоят таҷрибадор ва донишманд аст.
Ҳамчунин профессор Р.Асадуллин аз бинои нави таълимӣ, Маркази педагогикаи миллӣ, Маркази амалинамоии лоиҳаи «Таҳкими равиши педагогӣ», Маркази русӣ, китобхонаи электронӣ, Хазинаи тиллоӣ, толори гимнастика ва толори фарҳангӣ дидан намуд. Зимни шиносоӣ бо синфхонаи дӯзандагӣ, ки дар факултаи технология ва соҳибкорӣ ҷойгир аст, Р.Асадуллинро ҳунари дастони донишҷӯён ба ҳайрат овард. Ӯ бо ишора ба ашёи аз ҷониби муҳассилин дӯхташуда, ки ба маърази намоиш гузошта шуда буд, изҳор дошт, ки воқеан ҳам, ин ҷо макони илму ҳунар ва эҷод мебошад.
Дар факултаи забони англисӣ донишомӯзон меҳмонро бо забонҳои англисӣ, чинӣ ва кореягӣ хайрамақдам гуфтанд. Ректори Донишгоҳи Бошқирдистон сатҳи забондонӣ, усули таълим ва шароити тадрисро ситоиш карда, изҳор дошт, ки донишҷӯён имкон доранддар таълимгоҳи онҳо идомаи таҳсил намоянд. Синфхонаҳои лингафонӣ, ки бо технологияҳои муосир ҷиҳозонида шудаанд ва навиштаҷоти шоирони бузург бо забонҳои мухталиф раванди омӯзиши забонро осон мегардонад. Муҳимтар аз ҳама, омӯзгорон аз хориҷи мамлакат барои тадрис омадаанд, ки ин метавон гуфт, барои беҳтар шудани сифати таълим мусоидат мекунад.
Р.Асадуллин дар маҷмӯъ шароити таҳсил, ҷараёни омӯзиш ва одоби донишҷӯёнро дар сатҳи ниҳоят баланд арзёбӣ намуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш Р.Асадуллин А.Раҳмоновро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд аз номи ҳайати омӯзгорони таълимгоҳашон бо нишони тиллоӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






