Боздиди Р.Асадуллин аз ДДОТ

Сентябрь 15, 2014 14:54

Душанбе, 15.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Раил Асадуллин, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М.Акмулло 10-уми сентябри соли ҷорӣ зимни боздид аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо ректор Абдуҷаббор Раҳмонов мулоқот намуд. 
Тавре ки котиби матбуоти донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, зимни суҳбат Абдуҷаббор Раҳмонов  изҳор дошт, ки ҳарчанд равобит миёни ду мактаби олии омӯзгорӣ ба тозагӣ ба роҳ монда шудааст, хурсандибахш аст, ки он дар муддати кӯтоҳ тақвият ёфт. Итминони комил ҳаст, ки дар ҷодаҳои мухталиф шартномаҳои ҳамкорӣ ба тасвиб мерасанд ва миёни омӯзгорон табодули таҷриба сурат мегирад.
Р.Асадуллин ба роҳбарияти донишгоҳ барои даъват ва пазироии самимӣ арзи сипос намуда, зикр кард, ки чун фаъолияти ҳар ду таълимгоҳ ба як самт равона мебошад, мо бояд дар бахшҳои гуногун созишномаҳо ба тавсиб расонем. Р.Асадуллин аз сафари кории А.Раҳмонов ба донишгоҳашон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки он замон доир ба барқарорнамоии равобити ҳасана гуфтугӯ сурат гирифта буд. Ба қавли мавсуф, ташаббускори аслии ҳамкориҳои дуҷониба ректор А.Раҳмонов мебошад, ки шахси ниҳоят таҷрибадор ва донишманд аст.
Ҳамчунин профессор Р.Асадуллин аз бинои нави таълимӣ, Маркази педагогикаи миллӣ, Маркази амалинамоии лоиҳаи «Таҳкими равиши педагогӣ», Маркази русӣ, китобхонаи электронӣ, Хазинаи тиллоӣ, толори гимнастика ва толори фарҳангӣ дидан намуд. Зимни шиносоӣ бо синфхонаи дӯзандагӣ, ки дар факултаи технология ва соҳибкорӣ ҷойгир аст, Р.Асадуллинро ҳунари дастони донишҷӯён ба ҳайрат овард. Ӯ бо ишора ба ашёи аз ҷониби муҳассилин дӯхташуда, ки ба маърази намоиш гузошта шуда буд, изҳор дошт, ки воқеан ҳам, ин ҷо макони илму ҳунар ва эҷод мебошад. 
Дар факултаи забони англисӣ донишомӯзон меҳмонро бо забонҳои англисӣ, чинӣ ва кореягӣ хайрамақдам гуфтанд. Ректори Донишгоҳи Бошқирдистон сатҳи забондонӣ, усули таълим ва шароити тадрисро ситоиш  карда, изҳор дошт, ки донишҷӯён имкон доранддар таълимгоҳи онҳо идомаи таҳсил намоянд. Синфхонаҳои лингафонӣ, ки бо технологияҳои муосир ҷиҳозонида шудаанд ва навиштаҷоти шоирони бузург бо забонҳои мухталиф раванди омӯзиши забонро осон мегардонад. Муҳимтар аз ҳама, омӯзгорон аз хориҷи мамлакат барои тадрис омадаанд, ки ин метавон гуфт, барои беҳтар шудани сифати таълим мусоидат мекунад. 
Р.Асадуллин дар маҷмӯъ шароити таҳсил, ҷараёни омӯзиш ва одоби донишҷӯёнро дар сатҳи ниҳоят баланд арзёбӣ намуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш Р.Асадуллин А.Раҳмоновро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд аз номи ҳайати омӯзгорони таълимгоҳашон бо нишони тиллоӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.

Сентябрь 15, 2014 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!