Боздошти тоҷири афғон дар амалиёти «Нелегал-2014»
Душанбе, 18.09.2014. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).-Риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ, фаъолият ва буду боши онҳо дар мадди назари кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ қарор дорад.
Бо мақсади пешгирии қонуншиканиҳо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ, шуъбаи Хадамот дар ҳамкорӣ бо Раёсати КДАМ ва Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ силсила рейдҳои муштаракро мутобиқи нақша-чорабинии амалиёти «Нелегал-2014» роҳандозӣ менамояд.
Гурўҳи корӣ фаъолият ва буду боши шаҳрвандони хориҷиро дар ташкилотҳои байналмиллалии ЧТЗ (Олмон), АКФ Афғонистон, АКЧС-Афғонистон ва донишгоҳи Осиёи марказӣ мавриди санҷиш қарор доданд.
Зимни баргузории амалиёт маълум гардид, ки аксари шаҳрвандони хориҷие, ки дар ташкилотҳои байналмилалӣ муваққатан фаъолият доранд, аз риояи талаботҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳанд ва тамоми ҳуҷҷатҳо ба расмият дароварда шудааст.
Ҳамзамон, гурўҳи корӣ фаъолияти тоҷирони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки дар асоси созишномаҳои дуҷониба дар бозорҳои марказии шаҳри Хоруғ ба тиҷорат машғул ҳастанд, мавриди санҷиш қарор доданд.
Муайян гардид, ки дар асоси раводид ҳоло дар бозорҳои Хоруғ 5 нафар шахрвандони Қирғизистон ва 13 нафар шаҳрвандони Афғонистон кору фаъолият дошта, дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ, ҳар яки онҳо аз 2 то 4 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нуқтаҳои фурӯш бо кор таъмин намудаанд.
Дар рафти амалиёт ҳуқуқвайронкунии як нафар шаҳрванди Афғонистон ошкор гардид. Дар асоси моддаи 499 қ. 1 аз тарафи Суди ш.Хоруғ ба маблағи 800 (ҳаштсад) сомонӣ ҷарима карда шуд.
Бо шаҳрвандони Афғонистон суҳбат анҷом дода шуда, риояи қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ фаҳмонида шуд.
Амалиёти муштарак мутобиқи нақшаи-чорабинии «Нелегал-2014» то охири моҳи сентябр давом дорад.
Дар ин бора Абдуллоҳи Кодирӣ, сухангӯи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар дод.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






