Британияи Кабир ва Олмон хоҳони ҳамкорӣ бо Тоҷикистонанд
Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода бо коршиноси Раёсати рушди байналмилалии Британияи Кабир Майкл Биддисон баргузор гардид.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати сабук, саноати маъдан ва соҳаи кишоварзиро мавриди муҳокима қарор дода, ба ҷиҳатҳои дигари ҳамкории дуҷониба дахл намуданд.
Дар анҷоми мулоқот тасмим гирифта шуд, ки имконоти рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор дода шавад.
Шавкат Бобозода ҳамчунин бо намояндаи Бонки давлатии рушду таҷдиди Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кристин Лаабс мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот масоили маблағгузории лоиҳаҳои асосӣ дар бахшҳои зикршуда баррасӣ шуданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






