Бунёди ду иншоот дар ноҳияи Рашт

Сентябрь 26, 2014 11:14

Душанбе, 26.09.2014. (АМИТ Ховар, Мавҷуда Анварӣ).- Дирӯз бо иштироки вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон дар РВКД минтақа ва ноҳияи Рашт ду иншооти нав  дармонгоҳи тиббӣ ва қисми мустақили №40 оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии гурӯҳи ноҳияҳои Рашти СХДО ВКД ба истифода дода шуд.
Тавре ки Маҳбуба Гулова, корманди ВКД ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, дар маросими кушодашавии иншооти мазкур раиси ноҳияи Рашт Абдураҳмонзода Саидумрон Назар, сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт Шафизода Рустам Исмоил ширкат варзиданд.
Нахуст ифтитоҳи дармонгоҳи тиббии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, ки тоза бунёд гардида, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ  муҷаҳҳаз мебошад, оғоз гардид.
Вазири корҳои дохилӣ зимни боздид аз Дармонгоҳи тиббӣ иброз намуд, ки роҳбарияти давлату ҳукумат барои беҳтар намудани шароити хизмативу иҷтимоии кормандон доимо ғамхорӣ зоҳир менамояд. Рамазон Раҳимзода ба дармонгоҳи тиббии мазкур як адад мошини сабукрави тамғаи «ВАЗ-012» барои истифодаи хизматӣ ва сари вақт ба беморон мадади тиббӣ расонидан тақдим намуд. 
Ин дармонгоҳ на танҳо ба ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ, балки ба тамоми сокинони атрофи шаҳраки Ғарм хизмат хоҳад расонд.
Сипас, маросими кушодашавии бинои дуошёнаи қисми мустақили №40 оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии гурӯҳи ноҳияҳои Рашти СХДО ВКД бо шукӯҳу шаҳомат оғоз гардид.
Ин бино бо дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, ҳукумати ноҳияи Рашт ва соҳибкорони   ин ноҳия амалӣ гардида, дар он тамоми шароитҳо барои хизмат фароҳам оварда шудааст.
Вазири корҳои дохилӣ дар назди ҳайати шахсӣ таъкид намуд, ки дар баробари ин дастгирию ғамхориҳо хизматчиён бояд аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, маҳорату малакаи касбии худро мунтазам сайқал диҳанд.

Сентябрь 26, 2014 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!