Бунёди иншоотҳои соҳаи маориф
Душанбе, 6.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Президенти кишвар пайваста таъкид менамояд, ки соҳаи маориф ва илм ҳамчун соҳаи калидӣ ва омили асосии таъмини амнияти миллӣ, зарурати дастгирӣ ва баланд бардоштани мавқеи омўзгор ҳамчун меҳвари асосии ҷомеа мебошад. Аз ин хотир давлату ҳукумат баҳри пешрафти соҳаи мазкур тамоми чораҳои заруриро меандешад.Аз ҷумла, дар соли ҷашнҳои бузурги давлатӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд теъдоди зиёди иншоотҳои зарурии ҷомеа сохта шуда, қисме аз онҳо ба истифода дода шуданд.Аз ҷумла, дар соҳаи маориф соли ҷорӣ бунёди 18 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 8 мактаб омода шудааст. Мактаби № 43 — и шаҳри Конибодом, мактаби № 75 — ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мактаби № 24 — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бевосита бо иштироки Президенти кишвар ифтитоҳ шуд, мактаби № 22 — и ноҳияи Зафаробод, мактаби № 41 — и шаҳри Истаравшан, мактаби № 29 — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мактаби № 6 — и ноҳияи Ғончӣ ва ҳамчунин бунёди мактаб дар ноҳияи Шаҳристон аз ин қабил иншооти бунёдшуда мебошанд.Барои бунёди ин мактабҳо, ки дорои зиёда аз 2 ҳазору 300 ҷои нишаст мебошанд, наздик ба 20 миллион сомонӣ харҷ шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






