Бунёди корхонаи нассоҷӣ дар Данғара
Душанбе, 18.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ширкати «Чунтай-Новый шелковый путь»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ният дорад дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон корхонаи нассоҷиро бо 6 ҳазор ҷойи кор ба истифода диҳад.
Пешниҳоди ширкати «Чунтай-Новый шелковый путь» — Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони корхонаи нассоҷӣ дар ноҳияи Данғара ҷолиби дастгирӣ буда, баъди ба истифода додани ин корхонаи азим шаҳрвандони мамлакат метавонанд бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гарданд.
Бо мақсади таҳияи лоиҳаи шартномаи сармоягузорӣ бо ширкати «Чунтай Новый шелковый путь»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки бо мақсади омода намудани кадрҳои коргарӣ барои корхонаи нассоҷӣ, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба истифода дода мешавад, аз ҷониби ширкати мазкур расонидани кумаки техникӣ ҷиҳати таҷҳизонидани Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбӣ-техникии саноатии нассоҷии шаҳри Душанбе» бо таҷҳизоти муосир мебошад. Баъдан таносуби шумораи коргарони хориҷӣ нисбат ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ширкати мазкур бояд 10 ба 90 фисад риоя шавад ва гирифтани иҷозат барои кор ба кормандони хориҷии ширкати «Ҷунтай-Новый шелковый путь»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардад.
Дар айни замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки бо истифода аз сармоягузории хориҷиву дохилӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат корхонаҳои нав ба истифода дода шавад. Ин барои кам кардани муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар мусоидат намуда, шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар дохили кишвар бо ҷойи кори доимӣ ва маош таъмин хоҳанд гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






