Бузургдошти Мавлоно Ҷомӣ дар диёри Гёте
Душанбе, 27.09.2014. (АМИТ «Ховар»). — Ҷиҳати таҷлили 600-солагии зодрӯзи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва гиромидошти солгарди забони тоҷикӣ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон баргузор намудани чорабинии илмӣ-фарҳангиро ба нақша гирифтааст.
Дар конфронси илмӣ бахшида ба ин ду ҷашни муҳим, ки 2 октябри соли 2014 баргузор мегардад, олимону донишмандон ва шарқшиносони Олмон, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, инчунин устодони муассисаҳои илмӣ, намояндагони диаспораи тоҷикистониён дар Олмон ва донишҷӯёну толибилмони факултаҳои шарқшиносӣ иштирок хоҳанд кард.
Дафтари матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Олмон иттилоъ медиҳад, ки дар конфронси илмӣ мавқеъ ва мартабаи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун шоир ва мутафаккир дар рушди тамаддун ва адабиёти форсу тоҷик мавриди баррасӣ қарор гардида, саҳми асарҳои таълифнамудаи ӯ ҳамчун маъхазҳои муҳими илмию таърихӣ ва ганҷинаи нотакрори мардумони форсизабон мавриди баҳсу мунозираи иштирокчиён қарор хоҳад гирифт.
Бо ибтикори Сафорат филми мустанад дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин мутафаккири тоҷик, ҳамчунин намоишгоҳи китобҳои ӯ омода гардида, дар рӯзи баргузории чорабинӣ пешкаши иштирокчиён хоҳад гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






