Чаро мардум суратҳисобҳои амонатӣ надоранд?
Душанбе, 11.09.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова). — Дар Тоҷикистон сабабҳои дар бонкҳои кишвар суратҳисобҳои амонатӣ накушодани мардумро ошкор намуданд.
Мувофиқи тадқиқоти ширкати Z-analytics Group, сабаби асосии суратҳисобҳои амонатӣ накушодани мардум барои ин маблағ надоштани онҳост. Масалан, дар ҷараёни пурсиш 1811 нафар, яъне 80,1 фоизи тоҷикистониён изҳор доштанд, ки барои ин маблағи кофӣ надоранд.
Аз рӯи натиҷаи тадқиқот маълум гардид, ки фақат 3,9 фоизи пурсидашудагон суратҳисоби амонатӣ дошта, аксарияти онҳо маблағҳояшонро дар «Агроинвестбонк» нигоҳ медоранд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






