Чину Арманистон бо Тоҷикистон таҷрибаомӯзӣ мекунанд
Душанбе, 16.09.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 23 сентябр дар шаҳри Душанбе Форуми дурӯзаи миллӣ бо иштироки ҳайатҳои хориҷӣ дар мавзӯи «Рӯйи кор овардани усулҳои нави маблағғузории нигаҳдории тандурустӣ» ба кораш шурӯъ кард. Ин чорабинӣ бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи лоиҳаи «Такмили хидматрасонии нигаҳдории тандурустӣ», ки бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ дар амал татбиқ мешавад, роҳандозӣ шудааст.
Мақсади асосии форум иборат аз тарҳрезии усулҳои нави татбиқи механизмҳои маблағғузорӣ ба низоми нигаҳдории тандурустӣ мебошад.
Дар форум вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода, мудири шуъбаи тандурустӣ в а рушди иҷтимоии Дастгоҳи Президенти ҶТ Гулҷаҳон Туманова, роҳбари Намояндагии Бонки умумиҷаҳонӣ дар ҶТ Патрисия Виверс – Картер суханронӣ карданд.
Дар форум беш аз 100 нафар намояндагон аз ҷумлаи роҳбарони муассисаҳои тиббии ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат доранд.
Иштирокдорони форум таҷрибаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла таҷрибаи Чину Арманистон дар амри истифодаи усулҳои мухталифи маблағгузорӣ ба ёрии аввалияи тиббию санитарӣ ва ғайраро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






