Чкалов: чорабинии ҷашнӣ дар қисми ҳарбии 2601
Душанбе, 5.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дирӯз дар қисми ҳарбии 2601 — и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 23 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, муовини якуми раиси шаҳри Чкалов Содиқ Рустамов аз номи роҳбарияти шаҳр сарбозону афсаронро табрик намуда, аз ҷумла баён дошт, ки Истиқлолият дар таърихи давлатдории тоҷикон марҳилаи навинро оғоз бахшид, ки ин рӯйдоди муборакро бо камоли ифтихору сарбаландӣ ҷашн мегирем.
Дар ин рӯз ба афсарону сарбозон дастурхони идона ороста шуда, аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов чорабинии рангини фарҳангӣ пешкаш шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






