Чопи девони ашъори Давлат Сафар дар Кобул

Сентябрь 22, 2014 11:37

 
Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ба тозагӣ дар Бунгоҳи интишороти Майванди шаҳри Кобул девони ашъори шоири тавонманди тоҷик Давлат Сафар бо ҳуруфоти форсӣ нашр гардид. Ин маҷмӯа гулчини ашъори ӯст, ки дар солҳои гуногун эҷод шуда, ба муносибати 20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон рӯи чоп омадааст. Эҷодиёти Давлат Сафар моломол аз муҳаббат ба Ватан, таърихи гузашта ва имрӯзи миллату мардуми заҳматкаш ва самимии тоҷик аст. 
Қобили зикр аст, ки китоби мазкур бо кӯшиши доктор Шамсулҳақ Ориёнфар омода шудааст.
Арзишҳо ва андешаҳову дардҳое, ки дар ин маҷмӯа бозтоб ёфтаанд, инъикоси эҳсосотест, ки инсонҳо ва миллатҳои ҳамсоя- Тоҷикистону Афғонистон дар ҳаёти рӯзмарраи хеш таҷриба намудаанд. 
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз Давлат Сафар маҷмӯаи шеърҳои  худро таҳти унвони «Пайғоми ашк», «Шеъри гаҳвора», «Шаҳбол» ва «Авҷи парвоз» пешкаши мухлисонаш гардонидааст.

Сентябрь 22, 2014 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд