Чорабиниҳои зиддинашъамандӣ дар Исфараву Конибодом
Душанбе, 24.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Рӯзҳои 22 ва 23 сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Конибодом фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии истеъмоли маводи нашъадор оид ба татбиқи амалии «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020» санҷиш гузаронида шуд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъадор хабар доданд.
Гарчанде ки сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии минтақаҳои мазкур ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ ва ҷинояткорӣ вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар корҳои назаррасро ба анҷом расониданд, вале камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти шӯроҳо ошкор шуданд.
Аз ҷумла, нақшаҳои соҳавии татбиқи Стратегияи миллӣ мавҷуд нестанд, кор дар ин самт номунтазам ба роҳ монда шуда, пешниҳоди маълумоти шуъбаву бахшҳои дахлдор аз рӯи корҳои анҷомдода ба мақомоти маҳаллӣ кам ба назар мерасад. Барои рафъи камбудиҳо кумаки амалӣ расонида шуд.
Дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Конибодом ҳамчунин дар баробари санҷиши фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ озмунҳои расми беҳтарин дар мавзӯи «Кӯдакони Тоҷикистон зидди мухаддирот» доир шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 100 нафар хонандагону донишҷӯён ширкат варзиданд. Дар охир ғолибони озмунҳо бо мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






