Д. Алиматов- ҳунарпеша ва овозхони тоҷик даргузашт
Душанбе, 3.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- «Маросими видои ҳунарпеша ва овозхони шинохтаи тоҷик Даврон Алиматов имрӯз дар бинои театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камолии Хуҷандӣ, ки қисмати зиёди фаъолияти ҳунарии худро ӯ дар ин театр гузаронидааст, доир мегардад»,-гуфт сардори раёсати фарҳанги вилояти Суғд Ориф Набиев.Тибқи иттилои О. Набиев дар маросими видоъ, муовини раиси вилоят, раиси шаҳри Хуҷанд, намояндагони Вазорати фарҳанг, ҳунармандон, мухлисон, дӯстон ва наздикони марҳум иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард.Хотирасон мекунем, ки дирӯз, 1 сентябр ҳунарманди маҳбуб Даврон Алиматов дар 64-умин соли умраш ҳангоми табобат дар шаҳри Сочии Русия аз олам даргузашт. Марҳум аз касалии қанд ва дарди дил ранҷ мебурд ва баъди ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон барои табобат озими Сочи шуда буд.Даврон Алиматов соли 1950 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи театрии Маскав мебошад. Ин ҳунарманд дар баробари Шодӣ Солеҳ, Тағоймурод Розиқов, Гулсара Абдулоева, Раҷабгул Қосимова, Дилбар Умарова ва Мавлуда Обидова аз нахустин ҳунарпешаҳои театри «Ҷавонон»-и шаҳри Душанбе буд, ки беш аз 40 сол дар саҳнаи тоҷик ҳунарнамоӣ ва овозхонӣ кардааст.Даврон Алиматов ҳамчунин дар синамо низ нақшҳои зиёде офаридааст, аз ҷумла дар филмҳои «Қасоси пайғамбар», «Ҳодисае дар фурудгоҳ» , «Ҳеҷбудагон» ва боз дар чанд филми синамогарони тоҷик ва Русия ҳунарнамоӣ кардааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






