Д. Назаров дар Инчон медали тилло гирифт
Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Варзишгарони тоҷик дар 9 рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар 11 намуд-бокс, вазнбардорӣ, варзиши сабук, волейболи соҳилӣ, гӯштини озод, дзюдо, камонварӣ, тирандозӣ, ушу, футбол ва шиноварӣ ширкат карда, 2 медал (1 тилло ва 1 нуқра) ба даст оварданд.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Дарвоқеъ, ин аввалин медали Тоҷикистон дар Бозиҳои XVII осиёӣ ба шумор меравад. Дилшод Назарови 32-сола барои севумин бор дар Бозиҳои осиёӣ ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шуд.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Залимхон Юсупов дар сабқати гӯштини озод дар вазни то 65 килограмм рақибонаш Улуғмон Маматов аз Қирғизистон, Ихтиёр Наврӯзов аз Ӯзбекистон ва Томотсугу Ишида аз Ҷопонро шикаст дода, ба финал баромад. Вале дар даври ниҳоӣ аз Ёгешвар Дутт аз Ҳиндустон мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гашт.
Дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ варзишгарони тоҷик боз аз рӯи бокс, варзиши сабук, гӯштини озод, гӯштини юнониву румӣ, каратэ, қаиқронӣ, софт теннис ва таэквондо ВТФ рақобат мекунанд








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






