Дар ПСС ҶТ маркази хидматрасонӣ ифтитоҳ мешавад
Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). – Охири ҳафтаи гузашта раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо мушовири миллӣ оид ба стандартҳо ва идораи сифати Маркази байналмилалии савдо Шиам К. Гуанҷур мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз маркази матбуоти ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ду масъалаи асосӣ: таъсиси маркази хидматрасонӣ таҳти васояти ПСС ҶТ ва принсипҳои стратегияи бехатарии маводи озуқа дар бахши фаъолияти палата мавриди муҳокима қарор гирифт.
Шиам Гуанҷур пешниҳод намуд, ки барои дастгирии рушди савдои байналмилалӣ таҳти васояти Палатаи савдо ва саноати ҶТ маркази хидматрасонӣ таъсис дода шавад. «Тоҷикистон ҳамчун кишвари узви Созмони умумиҷаҳонии савдо бояд мақомоте таъсис диҳад, ки барои пешниҳоди иттилоот дар бораи талаботи техникӣ масъулият дошта бошад», — гуфт Шиам Гуанҷур.
Шариф Саид дар навбати худ ба меҳмон аз самтҳои афзалиятноки рушди тиҷорати Тоҷикистон ва густариши иқтидори содиротии он нақл кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






