Дарави ғалла-зиёда аз 82 фоиз

Сентябрь 2, 2014 11:28

Душанбе, 2.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Мувофиқи маълумотҳои фаврии раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ  имсол дар ҷумҳурӣ дурнамои майдони кишти ғалладонагиҳо 292 ҳазору 334 гектарро ташкил медиҳад.
То охири ҳафтаи сипарӣ майдони зиёда 2549 ҳазор (82,3%) гектар даравида шудааст. Ҳосили умумии ғалладонагиҳо зиёда аз 691 ҳазор тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 27,8 сентнериро ташкил медиҳад. Майдони 248,5 ҳазор гектар кӯфта шудааст, инчунин дар мавсими ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ 68 адад комбайни ғалладарав ба кор ҷалб шудааст.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат соли ҷорӣ  кишоварзони вилояти Хатлон дар  майдони 140,2 ҳазор гектар кишти ғаладонагиҳоро гузарониданд, ки дар айни замон майдони 135,8 ҳазор гектари он даравида шудааст. Ҳосили умумӣ дар вилоят 444 ҳазор тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 34 сентнериро ташкил медиҳад.
Дар хоҷагиҳои вилояти Суғд имсол дар майдони 84,3 ҳазор гектар кишти ғалладонагӣ гузаронида шуда, то имрӯз майдони 63,1 ҳазор гектари он даравида шудааст. Ҳосили умумии ғалладонагиҳо дар вилоят 109 ҳазор тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 17,2 сентнериро ташкил медиҳад.  
     Дар МВКБ дар майдони 6130 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст. Дар айни замон майдони  3225  гектари он даравида шудааст, ки баробари 52,6 фоизи нақша мебошад. Ҳосили умумӣ 3427 тонна буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 19 сентнериро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ соли ҷорӣ дар майдони 61545 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шуда, майдони 51,9 ҳазор гектари он даравида шудааст, ки баробари 84,3 фоизи нақша мебошад. Ҳосилнокии умумии ҷумъоварии ғалладонагиҳо 133,7 ҳазор тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 26,9 сентнериро ташкил медиҳад.
 

Сентябрь 2, 2014 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!