Дархосту пешниҳодҳои интихобкунандагон ба вакилон
Душанбе, 22.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Имрӯзҳо мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо интихобкунандагонашон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ идома дорад.
Дар ин муддат вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат Бег Қурбонов, Сафаралӣ Гулов, Мусаябшо Назриев, Бадриддин Садриддинов, Ҳабибулло Саъдуллоев ва Маҳмадамин Ҳисориев дар ноҳияҳои Балҷувон, Ҳамадонӣ, Панҷ, Қумсангир, Шаҳритӯс, Ҷалолиддини Румӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ бо интихобкунандагон мулоқот намуда, дар он онҳо
дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагон, қонунҳои қабулгардида, ҳифзи арзишҳои миллӣ, раванди ободониву созандагӣ дар кишвар суҳбат намуданд.
Дар ҷараёни мулоқоту вохӯриҳо вакилони Парлумон ба саволҳои интихобкунандагон посух дода, дархосту пешниҳодҳои аҳолиро, ки бештарашон ба бахши иҷтимоӣ марбутанд, ба инобат гирифтанд.
Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон, ки аз 15 сентябр оғоз гардид, то 25 сентябр идома меёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






