Дастгир намудани ҷинояткор зимни фурӯши ҳабҳои психотропӣ

Сентябрь 3, 2014 11:00

Душанбе, 3.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ- ҷустуҷуӣ гурўҳи ҷиноятпеша, ки бо маслиҳати пешакӣ бо мақсади ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан ва ба соҳибияти каси дигар додани маводи нашъаовар амал мекард, ҳангоми ба фурўш баровардани ҳабҳои психотропӣ боздошт гардиданд. Ба иттилои дафтари матбуоти Хадамот ба ин гурӯҳ шаҳрвандон Ализода Садриддини Шамсиддин, соли таваллудаш 1987, Давлатов Файзалӣ, соли таваллудаш 1974, Раҳматов Шодмон, соли таваллуд 1979, ва Қурбонов Ҷамолиддин, соли таваллуд 1989 шомил буда, ба хариду фурӯш ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул буданд. Зимни амалиёт дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз дохили мошини Ализода Садриддини Шамсиддин тамғаи «ДЭУ-ЛАСЕТТИ» рақами қайди давлатиаш 11-31 ВК 01, ба миқдори муайян ҳабҳои нашъаовар, аз хонаи Қурбонов Ҷамолиддин, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур ба миқдори 386 адад ҳаби нашъаовар гирифта шуд, ки дар маҷмўъ 785 ададро ташкил дод. Ҳамчунин муайян карда шуд, ки Ализода Садриддини Шамсиддин ва Фатҳуддинзода Аҳрори Мирзо, бо маслиҳати пешакӣ 37 қуттича маводи нашъаовари навъи бангдонаро бо мақсади фурӯхтан нигоҳ медоштаанд. Гуфта мешавад, ки гурўҳи номбурда хангоми ба фурўш баровардани маводи нашъаовар аз ҷониби кормандони гумрук боздошт гардид. Мувофиқи маълумотномаи экспертӣ маводи гирифташуда аз 785 адад ҳаби рангаш сабз иборат буда, ба маводи нашъаовари навъи «3,4-Метилендиоксиметамфетамин»(МДМА) мансуб мебошад. Оид ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба шаҳрвандон Ализода Садриддини Шамсиддин, Давлатов Файзалӣ, Раҳматов Шодмон, Қурбонов Ҷамолиддин ва Фатҳуддинзода Аҳрори Мирзо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шудааст.

Сентябрь 3, 2014 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст