Даъват ҷиҳати мубориза бар зидди ҷинояткорӣ
Душанбе, 19.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар факултаи физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров бо иштироки васеи донишҷўёни факултаҳои математика, тарбияи ҷисмонӣ, кибернетика, рассомӣ-графикӣ ва физикаю техника мулоқоти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот доир гардид.
Тавре ки аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, дар мулоқот доир ба вазъи қонуншиканӣ аз тарафи донишҷўён сухан рафта, изҳори нигаронӣ шуд, ки мутаассифона, ҷавонон ба ҷойи таълиму тадрис ба ҷинояткорӣ даст мезананд. Ин зумра донишҷўён на фақат ба номи волидайн, балки ба унвони факулта ва донишгоҳашон иснод меоранд. Бо вуҷуди гузаронидани мулоқот бо эшон миқдори ҷиноятҳо рӯ ба афзоиш аст. Дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ 771 ҷиноят аз тарафи 819 нафар ҷавон содир шудааст, ки аз онҳо 20 нафараш донишҷӯёни макотиби олии мамлакат мебошанд.
Дар мулоқот нозири калон оид ба супоришҳои махсуси Раёсати Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шуҳрат Абдуллозода доир ба вазъи нашъамандӣ ва қоҷоқи маводи мухаддир дар ҳудуди вилоят маълумот дода, афзуд, ки Тоҷикистон узви 3 конвенсияи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Конвенсияи ягонаи СММ дар бораи воситаҳои нашъаовар, Конвенсия дар бораи моддаҳои психотрикӣ ва Конвенсия оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотрикӣ мебошад.
-Мо бояд бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дастаҷамъона мубориза барем,-таъкид шуд дар мулоқот.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






