Депортшудагон имкони дар Қазокистон кор карданро доранд
Душанбе, 24.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонеро, ки касбу ҳунари замонавии сохтмонӣ доранд, забони русӣ ва таъриху фарҳанги кишвари қабулкунандаро медонанд, барои кор ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Беларус даъват менамояд.
Тавре ки аз шуъбаи байналхалқӣ ва робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, шахсоне, ки воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Русия манъ шудааст, метавонанд ба агентии мазкур муроҷиат намуда, дар асоси шартнома дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо кор таъмин гарданд.
Бояд зикр намуд, ки 20 нафар мутахассиси тоҷик дар асоси шартномаи дуҷониба дар Корхонаи лӯлабарории «Свободный сокол»-и шаҳри Липетски вилояти Липетск дар асоси санҷиши тестӣ бо кор таъмин гардид. Онҳо дар ин корхона бо маоши баланд ва шароити хуби зист таъмин гардида, корфармо харҷи роҳкироро низ худ пардохт кардааст.
Инчунин нафароне, ки хоҳиши соҳиби ягон касб шуданро доранд ва ё касбу ҳунари муайян дошта, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи онро надоранд, метавонанд ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии Маркази таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






