Диққат: ҳаракати нақлиёт маҳдуд мешавад!
Душанбе, 03.09.2014 (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).-Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки баҳри таъмини бехатарии ҳаракат рўзи 5-уми сентябри соли равон аз соати 07.00 то 08.00 дар ҳолатҳои зарурӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз чорроҳаи Рўдакӣ-Шотемур бо хиёбони Рўдакӣ, кўчаи Ҷ.Икромӣ, Шевченко, хиёбони С.Шерозӣ, кўчаи Н.Қарабоев то кўчаи Ҷанубӣ ва аз соати 08.00 то 09.00 аз кўчаи Ҷанубӣ, Н.Қарабоев, хиёбони С.Шерозӣ, С.Айнӣ, хиёбони Рўдакӣ, кўчаи Л.Шералӣ, Турсунзода, Шарқ ва Меҳнат то Маркази савдои «Пойтахт-90» муваққатан маҳдуд мешавад.
Ҳамчунин 6-уми сентябри соли равон аз соати 17.00 то 18.00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз чорроҳаи Рўдакӣ-Шотемур бо хиёбони Рўдакӣ, кўчаи С.Айнӣ то маҳаллаи «Ховарон» дар ҳолатҳои зарурӣ муваққатан маҳдуд мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






