Дидбонгоҳи нав дар Турсунзода
Турсунзода, 15.09.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Имрӯз дар мавзеи «Лойқа»- и шаҳри Турсунзода иншооти нави замонавӣ- дидбонгоҳи сарҳадӣ ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур бо маблағгузории КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» ва саҳми коргарону мутахассисону Корхонаи фаръии давлатии «Алюминсохтмон» бино ёфт.
Бинои мазкур дорои тамоми шароитҳои мусоиди корӣ ва истироҳат барои сарбозону афсарони Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ буда, ба талаботи замон ҷавобгӯй аст.
Дар маросими баистифодадиҳии иншооти мазкур раиси шаҳри Турсунзода Бобоалӣ Табарзода, директори идоракунандаи КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» Садриддин Шарипов, муовини котиби Шӯрои амнияти миллӣ Ҷонмаҳмад Раҷабов, муовини аввали фармондеҳи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ Ҳабибулло Сафаров ва дигарон сухан гуфтанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






