Дидбонгоҳи нави сарҳадӣ дар Исфара
Душанбе, 18.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавчуда Анварӣ).- Дар минтақаи Лакконии шаҳри Исфара дидбонгоҳи нави сарҳадӣ ба истифода дода шуд. Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ин дидбонгоҳ бо саҳми Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бунёд гардида, дорои шароитҳои зарурии хизмату истироҳат мебошад.
Дар расми ифтитоҳи дидбонгоҳ котиби Шӯрои амнияти кишвар Абдураҳим Қаҳҳоров, фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов, сардори Агентии давлатии «Тоҷикстандарт»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Шукурзода ва раиси шаҳри Исфара Даврони Абдуқодир иштирок намуда, бо ошхонаву хобгоҳ, китобхонаву толори ҷамъомадҳо ва хонаҳои истиқоматӣ барои афсарон аз наздик ошно шуда, ба кори анҷомдодаи сохтмончиён баҳои баланд доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






