Дидори дастаи миллии кишвар бо тими Беларус
Душанбе, 4.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Имрӯз тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар сафар бо тими миллии Беларус бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон шоми имрӯз дар меҳмонӣ бо дастаи миллии Беларус бозии дӯстона мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Борисов-Арена”-и шаҳри Борисов доир мегардад.
Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барои иштирок дар ин бозии дӯстона ба ҳайати даста 22 футболбоз — 2 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро шомил кардааст. 13 нафари онҳо аз дастаи «Истиқлол”-и Душанбе, 3 нафарашон аз «Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, якнафарӣ аз тимҳои «Вахш”-и Қӯрғонтеппа, «Хайр”-и Ваҳдат, ССКА «Помир”-и Душанбе, «Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва «Энергетик»-и Душанбе мебошанд. Танҳо як легионер — ҳимоятгар Давронҷон Эргашев аз «Жетису»-и Қазоқистон — даъват шудааст.
Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тоҷикистон барои аввалин бор бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Дар айни ҳол дар раддабандии ФИФА Беларус дар ҷойи 88-ум ва Тоҷикистон дар ҷойи 120-ум қарор доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






