Дидори Сафири Тоҷикистон бо Шайхи Азҳари Шариф
Душанбе, 24.09.2014. (АМИТ “Ховар”).-23 сентябри соли 2014 Имоми Акбар ва Шайхи Азҳари Шариф доктор Аҳмад Тайиб Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозириро дар қароргоҳи худ дар Қоҳира ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқоти мазкур, ки дар он инчунин Вазири авқофи Миср ҳузур дошт, дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Азҳари Шариф баррасӣ гардид.
Шайхи Азҳар аз ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба бузургдошти Имоми Аъзам Абу Ҳанифа ёдовар шуда, нақши он ибтикорро дар тарғиби арзишҳои ростини дини мубини Ислом, ки хушунату тундгароиро намепазирад, сутуд.
Шайхи Азҳар барои тақдими китоби Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар ойинаи таърих”, ки дар Миср дар чаҳор ҷилд ба забони арабӣ чоп шудааст, изҳори сипос намуд. Ҷилди чаҳоруми китоби мазкур ба давраи исломии таърихи тоҷикон рабт дорад.
Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






