Додситонҳои кулли ИДМ дар Душанбе ҷамъ меоянд
Душанбе, 23.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- 25 — 26 сентябри соли равон дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баргузор мегардад.
Интизор меравад, ки дар ҷаласа масоили марбут ба тақвияти ҳамкориҳои мақомоти прокуратураи давлатҳои ИДМ, хусусан табодули таҷрибаи додситонҳои кулли ИДМ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб матраҳ хоҳанд шуд. Ҳамзамон иштирокдорони ҷаласа масоили ташкил ва иҷрои барномаи ҳамкориҳои сохторҳои прокуратураи ИДМ барои солҳои 2014-2018 дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, қоҷоқи инсон ва соири масоили марбут ба зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосирро баррасӣ хоҳанд кард.
Шӯрои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии кишварҳои ИДМ соли 1995 созмон дода шуда, ба ҳайати он Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова ва Украина шомиланд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






