Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 70- сола мешавад
Душанбе, 16.09. 2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Соли 2015-ум Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 70 — сола мешавад. Ба муносибати таҷлили ҷашни мазкур тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми сентябри соли 2015-ум Рӯзи дониш дар донишгоҳи мазкур бо шаҳомат таҷлил мегардад.
Ба ифтихори таҷлили 70-солагии донишгоҳи мазкур баргузории як силсила чорабиниҳо дар назар дошта шудааст, аз ҷумла гузаронидани конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар тайёр намудани мутахассисон», ташкил ва гузаронидани Форуми ихтироъкорони ҷавон оид ба технологияи инноватсионӣ, гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми 70 — солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ташкил намудани осорхонаи «Ганҷинаи маърифат» ва дигар чорабиниҳо дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин барои таъмиру навсозии сохтмони бинои маъмурии Донишгоҳ , навсозии китобхона ва ғанӣ гардонидани фонди китобҳои электронии Донишгоҳ, васеъ намудани инфрасохтори Парки технологии донишгоҳ ба сохторҳои марбута дастуру супориш дода шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






