Душанбе фардо мизбони Ҳасани Рӯҳонӣ мешавад

Сентябрь 8, 2014 14:48

 Душанбе, 8.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Фардо, 9 сентябр дар Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасани Рӯҳонӣ Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон бо нахустин сафари расмӣ озими Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Дар ин хусус 8 сентябр Абулфайз Атоев -сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
    Интизор меравад, ки Ҳасани Рӯҳонӣ зимни сафари расмиаш ба Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуда,  масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди Душанбе ва Теҳронро матраҳ намояд.
       Ҳамзамон мулоқоти васеи ҳайатҳои Тоҷикистону Эрон доир гардида, дар он  маҷмӯи санадҳои ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои мухталиф ба имзо расонида мешавад. Инчунин дар доираи сафари Ҳасани Рӯҳонӣ  ба Тоҷикистон мулоқоти сеҷонибаи сарони се кишвари форсизабон- Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон доир мегардад.
      Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон  дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бо аҳли илми Тоҷикистон мулоқот намуда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи нахустин  поягузори давлати тоҷикон- Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузорад.

Сентябрь 8, 2014 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад