Душанбе фардо мизбони Ҳасани Рӯҳонӣ мешавад
Душанбе, 8.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Фардо, 9 сентябр дар Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасани Рӯҳонӣ Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон бо нахустин сафари расмӣ озими Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Дар ин хусус 8 сентябр Абулфайз Атоев -сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Интизор меравад, ки Ҳасани Рӯҳонӣ зимни сафари расмиаш ба Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуда, масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди Душанбе ва Теҳронро матраҳ намояд.
Ҳамзамон мулоқоти васеи ҳайатҳои Тоҷикистону Эрон доир гардида, дар он маҷмӯи санадҳои ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои мухталиф ба имзо расонида мешавад. Инчунин дар доираи сафари Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон мулоқоти сеҷонибаи сарони се кишвари форсизабон- Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон доир мегардад.
Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бо аҳли илми Тоҷикистон мулоқот намуда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи нахустин поягузори давлати тоҷикон- Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






