Эҳсоси ифтихор аз истиқлолият

Сентябрь 6, 2014 11:53

Душанбе, 05.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Истиқлолият дар таърихи навини халқи тоҷик падидаи бемисл ва неъмати бузургу муқаддас аст, зеро маҳз истиқлолият ба халқи тоҷик давлатдории мустақил бахшид, Ватани моро соҳибихтиёр гардонид. Ба шарафи он имрўз Тоҷикистонро ҳамчун кишвари мустақил ва узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ мешиносанд.Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маросими тантанавии таҷлили ҷашни 20- солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иброз дошт: «Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад, яъне низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд. Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад.»Ба ҳама маълум аст, ки оғози истиқлолият ба давраи мушкилу нангини ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Дар натиҷаи ин ҷанги бемаънӣ ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарари калон расида, ҳазорон нафар қурбон шуданд, Ватан дар коми ваҳшату хунрезӣ қарор гирифт. Аммо ақли солим ғалаба кард ва сарвари давлати мустақили тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки оташи ҷанги бародаркушро хомўш намуда, дар дили мардум шўълаи умед ба оянда ва ҳаёти осоиштаро бедор созад. Дар шароити вазнини амниятӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ба давлати Тоҷикистон лозим омад, ки рукнҳои давлатдориро мустаҳкам сохта, ба устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ камар бандад. Ҳамин тариқ, соли 1993 Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки он сипари давлат ва ҳомии дастовардҳои истиқлоли миллӣ гардид. Дар марҳилаи аввали ташкилёбии Артиши миллӣ нарасидани афсарони касбӣ, техникаву лавозимоти ҳарбӣ ва дигар иншооту пойгоҳҳои лозимии низомӣ ба мушоҳида мерасид. Аммо ба ин ҳама мушкилот нигоҳ накарда, Артиши миллии Тоҷикистони мустақил тавонист, ки дар таҳким бахшидани пояҳои ҳокимияти конститутсионӣ ва аз байн бурдани манбаҳои таҳдиду хатар ба он ҳиссаи арзанда ва намоён гузорад.Пас аз хотима ёфтани ҷанги ҳамватанӣ ва имзои созишномаи умумии сулҳ истиқлолияти миллии мо боз ҳам тақвият ёфта, марҳилаи ободкорию созандагӣ оғоз ёфт. Фазои сулҳ ва суботу амният шароит фароҳам овард, ки мардуми заҳматписанди тоҷик ба ободу зебо намудани Ватани маҳбубашон, саҳмгузорӣ дар пойдории истиқлолияти миллӣ рў оваранд. Дар тўли 23 — соли соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба дастовардҳои муҳим ва таърихӣ дар соҳаҳои гуногун ноил гардид, ки бо шарофати фазои сулҳ ва ҳамдигарфаҳмию ризоияти миллӣ ба даст омаданд. Дар сатҳи давлатӣ барномаҳои ояндадори рушди миллӣ қабул гардида, марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодаанд. Ҳамаи ин ташаббусу иқдомҳои наҷиби ватандўстона гувоҳи онанд, ки дар ояндаи наздик халқи тоҷик боз ҳам ба зинаҳои болотари зиндагии шоиста ва ифтихору сарфарозӣ аз соҳибистиқлолию соҳибватанӣ хоҳад расид.Тавассути сиёсати хирадмандона ва азму кўшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик аз музаффариятҳои истиқлолият, ки неъмати бебаҳост, пайваста шарафёб мегардад. Ҳар як марҳилаи истиқлолият бо дастовардҳои навин бо бунёдкориву созандагӣ, хайрхоҳиву адолат дар таърихи Тоҷикистон саҳифаи нав мекушояд. Маҳз кушодани роҳҳои аҳамияти стратегидошта, пешниҳод ва ҳалли масоили глобалӣ, инкишофи робитаҳои дўстиву ҳамкорӣ бо давлатҳои мутараққӣ, вусъат ёфтани иқтидори иқтисодӣ, саноат, энергетика, илму техника ва беҳбудии шароити иҷтимоии аҳолӣ, ки бо заҳмати зиёди сарвари давлатамон ба даст омадааст, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баландтар менамояд. Созмони мудофиавии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ба давраи комилан наву фарқкунандаи таърихии худ ворид гардида, ҳадафу вазифаҳояшро ба низоми нави сиёсӣ, талаботҳои давлатдории милӣ ва шароити мустақилият мувофиқ намуд. Имрўз он ба манбаи муҳими омодасозии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, боргоҳи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, арсаи оммавият бахшидани намудҳои ҳарбӣ — амалии варзиш мубаддал гардидааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ ҳадафу мароми оинномавии ҷамъияти ватандўстони Тоҷикистон дар арсаи пуршарафи таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, пурқувват намудани ҷараёни ташкилу гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ — мудофиавӣ, маърифатбахшӣ ва тарғиботи муассиру доманадори ғояҳои муқаддси меҳандўстӣ, ташвиқу ташаккули афкори созандаи ватанпарастӣ байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ ба марҳилаи фаъолтар ва натиҷабахш ворид гардидааст.Шароити соҳибистиқлолӣ имкон дод, ки Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пойгоҳи моддӣ — техникии худро тадриҷан мустаҳкам сохта, дар самтҳои оинномавии фаъолияташ — тарбияи ҷавонону наврасон дар рўҳияи ҳарбӣ — ватандўстӣ, баргузории тадбирҳои доманадори оммавӣ — мудофиавӣ, омодасозии ҷавонон барои эҳтиёҷоти артиш ва хоҷагии халқ, инчунин рушду инкишоф бахшидани намудҳои ҳарбӣ — амалии варзиш ба комёбиҳои намоён муваффақ гардад.Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳамарўзаи кормандони онро баланд бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳии миллӣ, тақвияти эҳсоси ватанхоҳии наврасону ҷавонон ва тарғибу ташвиқи онҳо ба гиромӣ доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлатӣ ташкил медиҳад. Роҳбарияти ташкилот барномаи мукаммали рушд ва пешрафти соҳаро марҳила ба марҳила амалӣ намуда истодааст, ки ҳадафи ниҳоии он тақвияти пояҳои моддӣ — техникии фаъолияти ташкилот, дуруст ва пурсамар ба роҳ мондани иҷрои ҳадафҳои ойинномавӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии кормандон ба шумор меравад.Иҷрои ин вазифа аз бисёр ҷиҳат ба масъулиятшиносӣ, садоқати касбӣ ва азму талоши пайгиронаи ҳар яки мову шумо вобастагӣ дорад. Бо анҷом додани ин нақшаву ниятҳо мо дар мустаҳкам намудани иқтидору эътибори ташкилот ва пешрафту тараққиёти Ватани азизамон ва таҳкими боз ҳам устувортари истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда ва намоёни худро хоҳем гузошт.

Сентябрь 6, 2014 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст