“ Эҳтиром ба забон эҳтиром ба миллат аст”
Душанбе, 16.09.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Тоҷикистон дар тӯли зиёда аз 23 соли мустақилияти худ барои беҳбудии вазъи забони тоҷикӣ талош кардааст ва дар оянда низ барои рушди он талош хоҳад кард. Дар ин робита бо Лутфия Абдураҳимова, котиби суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳамсуҳбат гардидем.
Ба гуфтаи мавсуф: “Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози истиқлолият барои рушди забони миллӣ ва таҳкими мақоми давлатии он дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати пешбурди ин самти сиёсати миллӣ тамоми заминаҳоро фароҳам овардаанд. Яъне, дар бист соли истиқлолият забони мо дар мақоми забони давлатӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлат ва ҳукумати кишвар қарор дорад.” Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи забони давлатиро 5-уми октябр таҷлил мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ зикр кард, ки: “Таҷлили ин санаи таърихӣ бо қабули қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар рӯзи 5-уми октябри соли 2009 иртибот дорад ва дар асоси ҳамин санади муҳим ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардидааст».
— Забони тоҷикӣ баландиву пастиҳои зиёди таърихро убур кардаву бидуни осебе то ба имрӯз расидааст ва бояд сокинони Тоҷикистон низ ин забонро ҳифз ва эҳтиром кунанд. Ниёгонамон ин забони нобро то ба рӯзгори мо бо як ифтихор ва хештаншиносӣ маҳфуз доштаанд ва мо низ кормандони ҳокимияти судӣ ин ҷавҳари ҳастии миллатро дар андеша, гуфтор ва кирдори наслҳо аз рӯи эҳтиром ба таври ҷовидон бояд ҳифз намоем. Мо борҳо таъкид намудаем, ки донистани забони миллӣ далели эҳтиром ба миллат, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангии хеш аст. Имрӯзҳо дар асоси Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ вазифадоранд барои омўхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд. Инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ таҳия ва қабул мешаванд,-изҳор дошт Лутфия Абдураҳимова, котиби суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






