Эҳёи меҳнати хонагии занону духтарон дар Мастчоҳ

Сентябрь 24, 2014 12:03

Душанбе, 24.09.2014. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Баҳри татбиқи қарори раиси вилояти Суғд оид ба ташкили озмуни «Меҳнати хонагии занону духтаронро эҳё менамоем» ва бо мақсади эҳёи ҳунарҳои миллии ниёгон, корҳои хонагӣ, дарёфти беҳтарин ҳунармандон, аз ҷумла, ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят озмуни мазкур баргузор гардида истодааст.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, тибқи нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия даври аввали озмуни «Меҳнати хонагии занону духтаронро эҳё менамоем» гузаронида шуд.
Давраи дуюми озмуни мазкур  дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ баргузор  шуд, ки дар он 21 нафар ғолиби даври якуми озмун ва зиёда аз 350 нафар тамошобин аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуд.

Сентябрь 24, 2014 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад