Эҳёи «Шоҳ Фаридун»-и Фаррухи Қосим
Душанбе, 16.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Пагоҳ ба муносибати 66-умин солгарди зодрӯзи Фаррухи Қосим, коргардони шинохтаи тоҷик ва ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, лауреати мукофоти давлатии ба номи А. Рӯдакӣ ҳамкасбон ва шогирдон дар Театри тамошобини ҷавони «Аҳорун»-и ба номи М.Қосимов барои дӯстдорони санъати волои театрӣ намоишномаи «Шоҳ Фаридун»-ро пешниҳод менамоянд.
Фаррухи Қосим солҳои тӯлонӣ (1969-1988) ба ҳайси актёр, баъдан ба ҳайси коргардон дар Театри академӣ -драмавии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият намудааст.
20 соли охири умри худро ин ҳунарманди шинохта дар Театри тамошобини ҷавон «Аҳорун», ки бо ибтикори ӯ соли 1990 таъсис шуд, ба ҳайси коргардон, драматург ва ҳунарманд сипарӣ намуд. Ӯ дар ин муддат қариб 20 намоишнома ба саҳна гузошт, ки онҳо дар озмунҳои театрии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ соҳиби шоҳҷоизаҳо гашта, инчунин дар озмунҳои байналхалқии театрӣ дар Лаҳистон, Русия, Эрон ва Белгия иштирок намуданд.
Намоишномаи «Шоҳ Фаридун»-ро Фаррухи Қосим чандин сол қабл ба саҳна гузошта ва барои ин намоиш дар ҷашнвораи театрии ҷумҳуриявии «Парасту» дар шаҳри Душанбе ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ»-ро дарёфт карда буд. Ёдовар мешавем, ки намоишномаи мазкур инчунин дар саҳнаи театрҳои Эрон низ ба тамошо гузошта шуда буд.
Қаблан нақшҳоро дар ин намоишнома ҳунармандони собиқадор, чун худи Фаррухи Қосим, Сабоҳат Қосимова, Қурбони Собир, Салоҳиддин Алиев, Абдумуъмин Шарипов, Нозим Меликов ва дигарон иҷро карда буданд, аммо ин бор театр тавассути гурӯҳи нав истеъдоди ҳунармандони ҷавони худро пешкаши ҳаводоронаш мекунад.
Бояд зикр намуд, ки нақши шоҳ Фаридунро дар ин намоишнома ба ҷои падараш Фирдавси Қосим-писари шодравон Фаррухи Қосим иҷро мекунад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






