Э. Раҳмон: Истиқлолият даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорист

Сентябрь 8, 2014 09:32

Душанбе, 8.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-«Боиси хушнудист, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои куллан нав ворид гардида, сол аз сол пеш мераванд». Ин нуктаро Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми табрикотии хеш ба ифтихори 23-юмин солгарди Рӯзи истиқлолият иброз намуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иброз дошт, ки имрӯз мо ҳамаи тадбирҳоро амалӣ гардонида истодаем, ки сифати хизматрасониҳо дар низоми маорифу тандурустӣ баланд гардида, ба сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ расонида шавад.
Гуфта шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон инкишофи илмро дар баробари маориф ва фарҳанг самти афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ меҳисобад ва барои таъмин намудани самаранокии корҳои илмиву таҳқиқотӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи оину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Вобаста ба ин, мехоҳам махсус хотирнишон намоям, ки маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо кард.
Ҳамчунин баҳри тарбияи насли ҷавону наврас зикр намуд, ки  ҷавонону наврасони мо бояд аз решаҳои тамаддуни бостонӣ, забону фарҳанги миллӣ ва оинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ саъю талош намоянд.

Сентябрь 8, 2014 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик